https://sputnik.tj/20230628/furud-iztiror-havopaymo-somon-air-eron-malum-1057969601.html
Сабаби фуруди изтирории ҳавопаймои Somon Air дар Эрон маълум шуд
Сабаби фуруди изтирории ҳавопаймои Somon Air дар Эрон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Фуруди изтирории ҳавопаймои мусофирбари ширкати тоҷикистонӣ бо наздики 200 сарнишин дар фурудгоҳи Эрон вазъи саломатии мусофирон будаст
2023-06-28T16:45+0500
2023-06-28T16:45+0500
2023-06-28T16:50+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳавопаймо
нақлиёт
дубай
душанбе
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/22/1030942262_0:0:1600:900_1920x0_80_0_0_edb0e5ac05ff8acd927c92b40d823d42.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Somon Air дар фурудгоҳи байналмилалии Кирмон фуруди изтирорӣ анҷом дод, иттилоъ дод расонаи эронии IRNA. Ба иттилои манбаъ, сабаби фуруди изтирорӣ дар он будаст, ки мусофирон ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доштанд. Таъкид шудааст, ки ҳодиса зуҳри 27 июн рух додааст. Манбаъ тавзеҳ дод, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Somon Air, ки парвози рақами 106 бо 189 мусофир, аз Дубай ба Душанбе парвоз мекард, ниёз ба фуруди изтирорӣ пайдо намуд. Манобеи эронӣ навиштаанд, ки дар ҳавопаймо вазъи саломатии чанд мусофир бад шудааст. Фишори хунашон якбора паст шудасту барои наҷоти ҷонашон фармондеҳи ҳавопаймо дастур ба фуруд додаст. Таъкид гардидааст, ки дарҳол пас аз фуруд гурӯҳи тиббии фурудгоҳ ба мусофирон ёрии зарурии тиббӣ расонд. Дар иттилоия омадааст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи саломатии мусофирон, табибон ба онҳо иҷозат доданд, ки сафарашонро идома диҳанд. Баъди беш аз як соати бозмонӣ дар фурудгоҳи Кирмон тақрибан соати 14:19 ҳавопаймои мусофирбари ширкати тоҷикистонӣ парвозашро ба самти Душанбе анҷом додаст.
https://sputnik.tj/20230522/nishasti-iztirori-parvozi-havopaymo-maskav-kulob-1057293998.html
эрон
дубай
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103094/22/1030942262_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_eb7ba114ee78fe0fd6877465cc668982.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нишаст, изтирорӣ, фуруд, ҳавопаймо, сомон эйр, эрон
нишаст, изтирорӣ, фуруд, ҳавопаймо, сомон эйр, эрон
Сабаби фуруди изтирории ҳавопаймои Somon Air дар Эрон маълум шуд
16:45 28.06.2023 (Навсозишуда: 16:50 28.06.2023) Фуруди изтирории ҳавопаймои мусофирбари ширкати тоҷикистонӣ бо наздики 200 сарнишин дар фурудгоҳи Эрон ба далели вазъи саломатии мусофирон анҷом шудаст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Somon Air дар фурудгоҳи байналмилалии Кирмон фуруди изтирорӣ анҷом дод, иттилоъ дод расонаи эронии IRNA.
Ба иттилои манбаъ, сабаби фуруди изтирорӣ дар он будаст, ки мусофирон ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доштанд.
Таъкид шудааст, ки ҳодиса зуҳри 27 июн рух додааст. Манбаъ тавзеҳ дод, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Somon Air, ки парвози рақами 106 бо 189 мусофир, аз Дубай ба Душанбе парвоз мекард, ниёз ба фуруди изтирорӣ пайдо намуд.
Манобеи эронӣ навиштаанд, ки дар ҳавопаймо вазъи саломатии чанд мусофир бад шудааст. Фишори хунашон якбора паст шудасту барои наҷоти ҷонашон фармондеҳи ҳавопаймо дастур ба фуруд додаст.
Таъкид гардидааст, ки дарҳол пас аз фуруд гурӯҳи тиббии фурудгоҳ ба мусофирон ёрии зарурии тиббӣ расонд.
Дар иттилоия омадааст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи саломатии мусофирон, табибон ба онҳо иҷозат доданд, ки сафарашонро идома диҳанд.
Баъди беш аз як соати бозмонӣ дар фурудгоҳи Кирмон тақрибан соати 14:19 ҳавопаймои мусофирбари ширкати тоҷикистонӣ парвозашро ба самти Душанбе анҷом додаст.