https://sputnik.tj/20230522/nishasti-iztirori-parvozi-havopaymo-maskav-kulob-1057293998.html
Нишасти изтирорӣ: Чаро ҳавопаймое, ки аз Маскав ба Кӯлоб парвоз мекард, дар Самара нишаст
Нишасти изтирорӣ: Чаро ҳавопаймое, ки аз Маскав ба Кӯлоб парвоз мекард, дар Самара нишаст
Sputnik Тоҷикистон
Халабонҳо ба далели бад шудани саломатии як мусофирон, ки ба Тоҷикистон парвоз мекард, тасмим гирифтанд, ҳавопайморо дар шаҳри Самара шинонанд
2023-05-22T20:30+0500
2023-05-22T20:30+0500
2023-05-22T20:30+0500
дар тоҷикистон
парвоз
зан
ҳомила
нишаст
нишасти изтирорӣ
ҳавопаймо
самара
маскав
кӯлоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057291225_0:317:3078:2048_1920x0_80_0_0_7ebdf1be9113f23ca6f835565acc8e9f.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб ба далели бад шудани саломатии як зан дар шаҳри Самара фуруд омад.Дар ҳавопаймои Airbus-321 RA-73836-и ширкати "Уралские авиалинии" вазъияти ғайричашмдошт рух дод.Тибқи иттилои шабакаи телеграмм AviaIncident, ҳангоми парвоз аз самти Маскав (Русия) ба тарафи шаҳри Кӯлоб (Тоҷикистон) дар болои вилояти Пенза ҳайати экипаж аз бемори як мусофир хабар дод.Маълум шуд, ки ин зан ҳомиладор будааст ва тасмим гирифта шуд ба фурудгоҳи ба нақша гирифта нашуда фуруд ояд.Пас аз ин халабонҳо ҳавопайморо дар шаҳри Самара ба таври амн фуруд оварданд ва дар ҳоли ҳозир ба за ҳеҷ чизе таҳдид намекунад. Тафсилоти дигари ҳодиса дода нашудааст.Ёдовар мешавем, ки қаблан ба ҳамин далел як ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе дар Самара фуруд омада буд.Қаблан дар парвози ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" ҳодисаи ғайричашмдошт низ ба вуқӯъ пайваста буд.Дар ҳавопаймои ин ширкат, ки аз Маскав самти Хуҷанд парвоз дошт, дар ҳаво мусофирзан кӯдаки солимро ба дунё овард.Ин ҳодиса дар хатсайри Жуковский-Хуҷанд рух дод. Гуфта мешавад, пас аз чанд лаҳзаи аз замин бархостани ҳавопаймо, мусофирзани ҳомила дучори дарди фарзандтаваллудкунӣ шуд ва хушбахтона дохили ҳавопаймо на як балки чанд пизишк қарор доштанд, ки барои солим ба дунё омадани кӯдак кумак расонданд.Манбаъ меафзояд, бинобар ҳузур доштани табибон, ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом надод, балки пас аз як соати парвоз зан кӯдакашро таваллуд кард.
https://sputnik.tj/20230114/musofir-havopaymo-maskav-khujand-pavroz-farzand-tavallud-1054198039.html
самара
маскав
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/16/1057291225_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_c1c2b5492f9847df581f12a4b14ebbae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, нишасти изтирорӣ, ҳаво, маскав кӯлоб, парвоз, русия, мусофир, ҳомила
тоҷикистон, хуҷанд, нишасти изтирорӣ, ҳаво, маскав кӯлоб, парвоз, русия, мусофир, ҳомила
Нишасти изтирорӣ: Чаро ҳавопаймое, ки аз Маскав ба Кӯлоб парвоз мекард, дар Самара нишаст
Халабонҳо ба далели бад шудани саломатии як мусофирон, ки ба Тоҷикистон парвоз мекард, тасмим гирифтанд, ҳавопайморо дар шаҳри Самара шинонанд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Ҳавопаймои Маскав - Кӯлоб ба далели бад шудани саломатии як зан дар шаҳри Самара фуруд омад.
Дар ҳавопаймои Airbus-321 RA-73836-и ширкати "Уралские авиалинии" вазъияти ғайричашмдошт рух дод.
Тибқи иттилои шабакаи телеграмм AviaIncident, ҳангоми парвоз аз самти Маскав (Русия) ба тарафи шаҳри Кӯлоб (Тоҷикистон) дар болои вилояти Пенза ҳайати экипаж аз бемори як мусофир хабар дод.
Маълум шуд, ки ин зан ҳомиладор будааст ва тасмим гирифта шуд ба фурудгоҳи ба нақша гирифта нашуда фуруд ояд.
Пас аз ин халабонҳо ҳавопайморо дар шаҳри Самара ба таври амн фуруд оварданд ва дар ҳоли ҳозир ба за ҳеҷ чизе таҳдид намекунад. Тафсилоти дигари ҳодиса дода нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ба ҳамин далел як ҳавопаймои хатсайри Маскав-Душанбе дар Самара фуруд омада буд.
Қаблан дар парвози ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" ҳодисаи ғайричашмдошт низ ба вуқӯъ пайваста буд.
Дар ҳавопаймои ин ширкат, ки аз Маскав самти Хуҷанд парвоз дошт, дар ҳаво мусофирзан кӯдаки солимро ба дунё овард.
Ин ҳодиса дар хатсайри Жуковский-Хуҷанд рух дод. Гуфта мешавад, пас аз чанд лаҳзаи аз замин бархостани ҳавопаймо, мусофирзани ҳомила дучори дарди фарзандтаваллудкунӣ шуд ва хушбахтона дохили ҳавопаймо на як балки чанд пизишк қарор доштанд, ки барои солим ба дунё омадани кӯдак кумак расонданд.
Манбаъ меафзояд, бинобар ҳузур доштани табибон, ҳавопаймо нишасти изтирорӣ анҷом надод, балки пас аз як соати парвоз зан кӯдакашро таваллуд кард.