https://sputnik.tj/20230628/artishi-rusiya-hamlai-ukraini-jabhai-donetsk-raf-1057973116.html
Артиши Русия панҷ ҳамлаи нерӯҳои украиниҳоро дар хати ҷабҳаи Донетск рафъ карданд
Артиши Русия панҷ ҳамлаи нерӯҳои украиниҳоро дар хати ҷабҳаи Донетск рафъ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки дар як шабонарӯз артши Русия панҷ ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар хати ҷабҳаи Донетск рафъ карданд
2023-06-28T21:00+0500
2023-06-28T21:00+0500
2023-06-28T21:00+0500
русия
дар русия
артиш
украина
донбасс
амалиёти вижа
рафъи хатар
донетск
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057138864_0:83:3072:1811_1920x0_80_0_0_29f27c7ffd94584335ce2b7708220f86.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи "Ҷануб" дар як шабонарӯзи гузашта дар самти Донетск панҷ ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаҳои Артемовск, Первомайская, Петровский ва Веселое дафъ кардааст."Дар ҷараёни дифоъ дар самти Донетск воҳидҳои гурӯҳи ҷанубии артиши Русия панҷ ҳамлаи душманро дар манотиқи аҳолинишини Артемовск, Первомайская, Петровское ва Веселони Ҷумҳурии Мардумии Донетск рафъ карданд", - таъкид кардааст вазорати дифоъ.Ба иттилои вазорати дифои Русия дар ин амалиёт зиёда аз 240 нафар низомиёни украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду мошини боркаш ва як тупхонаи худгарди сохти Лаҳистон аз оташи тӯпхона ва низомҳои оташфишони вазнин нобуд карда шуданд.Инчунин вазорати дифоъ хабар додааст, ки низомиёни украинӣ дар як шабонарӯз то 235 сарбоз ва 9 техникаи худро дар самтҳои Донетски Ҷанубӣ ва Запорожье аз даст доданд.Илова бар ин, гурӯҳи тахрибкорони украинӣ дар минтақаи Марфополи Запорожие нобуд карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
https://sputnik.tj/20230628/rezhim-ima-zelenskiy-artishi-ukraina-1057960554.html
русия
украина
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057138864_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_070d1e2de87d9843c16ea880dd22ba1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, донетск, донбасс, амалиёти вижа, ҳамла, рафъ, талафот
русия, украина, донетск, донбасс, амалиёти вижа, ҳамла, рафъ, талафот
Артиши Русия панҷ ҳамлаи нерӯҳои украиниҳоро дар хати ҷабҳаи Донетск рафъ карданд
Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки дар як шабонарӯз артши Русия панҷ ҳамлаи қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар хати ҷабҳаи Донетск рафъ карданд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки гурӯҳи нерӯҳои мусаллаҳи "Ҷануб" дар як шабонарӯзи гузашта дар самти Донетск панҷ ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаҳои Артемовск, Первомайская, Петровский ва Веселое дафъ кардааст.
"Дар ҷараёни дифоъ дар самти Донетск воҳидҳои гурӯҳи ҷанубии артиши Русия панҷ ҳамлаи душманро дар манотиқи аҳолинишини Артемовск, Первомайская, Петровское ва Веселони Ҷумҳурии Мардумии Донетск рафъ карданд", - таъкид кардааст вазорати дифоъ.
Ба иттилои вазорати дифои Русия дар ин амалиёт зиёда аз 240 нафар низомиёни украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду мошини боркаш ва як тупхонаи худгарди сохти Лаҳистон аз оташи тӯпхона ва низомҳои оташфишони вазнин нобуд карда шуданд.
Инчунин вазорати дифоъ хабар додааст, ки низомиёни украинӣ дар як шабонарӯз то 235 сарбоз ва 9 техникаи худро дар самтҳои Донетски Ҷанубӣ ва Запорожье аз даст доданд.
Илова бар ин, гурӯҳи тахрибкорони украинӣ дар минтақаи Марфополи Запорожие нобуд карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.