https://sputnik.tj/20230627/vmkb-ro-boz-zaminlarza-takon-dod-1057938109.html
ВМКБ-ро боз заминларза такон дод
ВМКБ-ро боз заминларза такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Ларзишҳои зеризаминӣ дар ҷумҳурӣ шабона ба вуқӯъ пайваста, шиддати он 4,5 балл буда, дар чуқурии тақрибан 24 километр рух додааст
2023-06-27T11:24+0500
2023-06-27T11:24+0500
2023-06-27T16:49+0500
дар тоҷикистон
заминларза
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101486/61/1014866198_0:71:1600:971_1920x0_80_0_0_acd1600e4057bbbf6d680048e10f31f4.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст. Ба гуфтаи сейсмологҳо, шиддати ларзише, ки дар соати 02:30 шаб ба вақти маҳаллӣ рух додааст, 4,5 баллро ташкил додааст. Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин дар умқи қариб 24 километр будааст.КҲФ ҳоло ин офати табииро шарҳ надодааст ва маълум нест, ки заминҷунбӣ чӣ хисорот ба сокинони ВМКБ расонд. Маврид ба зикр аст, ки минтақаи мазкур аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҷо зилзилаҳо бо қувватҳои гуногун пайваста ба амал меоянд. Сахттарин заминларзаи тайи чанд моҳи ахир дар қаламрави Тоҷикистон бо шиддати 7,3 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дода буд. Ин дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон чӣ гуна амал кардан дар вақти заминларзаро омӯзонида буд. Ёдовар мешавем, ки бинобар назари зилзиласанҷон ҷумҳурӣ дар қатори кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол шомил шудааст.
https://sputnik.tj/20230323/farhod-rahimi-peshgui-zaminlarza-ghayriimkon-1055724018.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101486/61/1014866198_106:0:1494:1041_1920x0_80_0_0_03ff597750df34a15092812eff7c7f1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб заминларза такон
ВМКБ-ро боз заминларза такон дод
11:24 27.06.2023 (Навсозишуда: 16:49 27.06.2023) Ларзишҳои зеризаминӣ дар ҷумҳурӣ шабона ба вуқӯъ пайваста, шиддати он 4,5 балл буд ва дар чуқурии тақрибан 24 километр рух додааст
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, шиддати ларзише, ки дар соати 02:30 шаб ба вақти маҳаллӣ рух додааст, 4,5 баллро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин дар умқи қариб 24 километр будааст.
КҲФ ҳоло ин офати табииро шарҳ надодааст ва маълум нест, ки заминҷунбӣ чӣ хисорот ба сокинони ВМКБ расонд.
Маврид ба зикр аст, ки минтақаи мазкур аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҷо зилзилаҳо бо қувватҳои гуногун пайваста ба амал меоянд.
Сахттарин заминларзаи тайи чанд моҳи ахир дар қаламрави Тоҷикистон бо шиддати 7,3 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дода буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон чӣ гуна амал кардан дар вақти заминларзаро омӯзонида буд.
Ёдовар мешавем, ки бинобар назари зилзиласанҷон ҷумҳурӣ дар қатори кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол шомил шудааст.