Раҳмон Эрдуғонро бо пирӯзияш дар интихобот табрик кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон интихоби дигарбораи Эрдуғонро ба мақоми роҳбарӣ дар Туркия далели дастгирии мардуми ин кишвар аз сиёсати пешгирифтааш хонд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Раҷаб Тайиб Эрдуғонро бо интихоби дигарборааш ба вазифаи президентии Туркия табрик кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш, пирӯзии Эрдуғонро натиҷаи сиёсати созандаи ӯ хондааст.
“Натиҷаҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба Шумо ва аз ҷониби он ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаатон мебошад, ки ба рушди пойдори кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст", - изҳор дошт Раҳмон.
Ӯ дар идома ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид кардааст.
Митинг сторонников президента Турции Реджепа Тайипа Эрдогана около его дома в Стамбуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Эълони КМИР: барандаи интихоботи президентии Туркия маълум шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедврӣ кардааст, ки дар давраи нави фаъолияти Эрдуғон муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома дода, ба нафъи ҳарду ҷониб муносибатҳоро ба сатҳи нав хоҳанд расонид.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои туркаш сиҳатмандии комил ва комёбиҳо ва ба мардуми Туркия сулҳу амонӣ ва шукуфоии бардавом орзу намудааст.
Ёдовар мешавем, ки даври дуюми интихоботи президентӣ дар Туркия шоми 28 май ба поён расид.
Тибқи эълони натоиҷи пешакӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғон беш аз 52%-и овозҳоро соҳиб шуда, ҳарифи ягонаи ӯ Камол Қиличдароғлу 47,91% ороро ба даст овард.
Лентаи хабарҳо
0