https://sputnik.tj/20230627/onho-mardum-khiyonat-murojiat-putin-shahrvandon-rusiya-1057935183.html
"Онҳо ба мардум хиёнат карданд": Муроҷиати Путин ба шаҳрвандони Русия
"Онҳо ба мардум хиёнат карданд": Муроҷиати Путин ба шаҳрвандони Русия
Sputnik Тоҷикистон
Президент ба низомиён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, инчунин ба халабонҳои қаҳрамон, ки садди роҳи ошӯбгарон буданд, изҳори сипос кард 27.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-27T09:26+0500
2023-06-27T09:26+0500
2023-06-27T16:59+0500
шаҳрвандон
дар русия
владимир путин
муроҷиатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057934059_0:134:2805:1712_1920x0_80_0_0_9f2322bb3e2a0ca18e73e8db35e6008b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми видеоӣ ба русҳо гуфт, шӯриши мусаллаҳонае, ки дар охири ҳафта сурат гирифта буд, ба ҳар ҳол пахш карда мешуд. Ӯ ба шаҳрвандон барои устуворӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки ҳама гуна кӯшиши барангехтани нооромиҳо ба нокомӣ маҳкум аст. Ба гуфти ӯ, онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҷанговарон ва командирони ЧВК "Вагнер"-ро дар мақсадҳои пинҳонияшон истифода баранд ва ташкилкунандагони исён ба халқ ва ба онҳое, ки ба он ҷалб шуда буданд, хиёнат карданд. Вай афзуд, ки аз оғози ҳодисаҳои рӯзи 24-уми июн бо дастури мустақими ӯ барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ иқдомоте сурат гирифтааст. Президент ба низомиён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, инчунин ба халабонҳои қаҳрамон, ки садди роҳи ошӯбгарон буданд, изҳори сипос кард. Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн раиси ЧВК "Вагнер" бо раҳбарии Евгений Пригожин ба Маскав "марш" эълон карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ин суханронӣ дар пайи муноқишаи байни Пригожин ва Вазорати дифои Русия барангехта шудааст. Рузи дигар қушунҳои рота Ростовро ишғол карда, ҳаракатро ба сӯи пойтахт давом доданд.Дар натиҷаи гуфтушуниди дуру дарози Лукашенко ва сардори ЧВК бӯҳрон бартараф карда шуд.
https://sputnik.tj/20230624/putin-sozmondihandagon-shurish-shuhrat-jangiyon-vagner-khiyonat-1057889542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057934059_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_43c72f38b74069b6e709dcddf7cbea01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрвандон, дар русия, владимир путин, муроҷиатнома
шаҳрвандон, дар русия, владимир путин, муроҷиатнома
"Онҳо ба мардум хиёнат карданд": Муроҷиати Путин ба шаҳрвандони Русия
09:26 27.06.2023 (Навсозишуда: 16:59 27.06.2023) Президент ба низомиён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, инчунин ба халабонҳои қаҳрамон, ки садди роҳи ошӯбгарон буданд, изҳори сипос кард
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми видеоӣ ба русҳо гуфт, шӯриши мусаллаҳонае, ки дар охири ҳафта сурат гирифта буд, ба ҳар ҳол пахш карда мешуд.
Ӯ ба шаҳрвандон барои устуворӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки ҳама гуна кӯшиши барангехтани нооромиҳо ба нокомӣ маҳкум аст.
"Душманони Русия мехостанд, ки кишвар дар муноқишаҳои хунини шаҳрвандӣ ғарқ шавад, онҳо хато ҳисоб кардаанд",- гуфт Путин.
Ба гуфти ӯ, онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҷанговарон ва командирони ЧВК "Вагнер"-ро дар мақсадҳои пинҳонияшон истифода баранд ва ташкилкунандагони исён ба халқ ва ба онҳое, ки ба он ҷалб шуда буданд, хиёнат карданд.
Вай афзуд, ки аз оғози ҳодисаҳои рӯзи 24-уми июн бо дастури мустақими ӯ барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ иқдомоте сурат гирифтааст.
Президент ба низомиён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, инчунин ба халабонҳои қаҳрамон, ки садди роҳи ошӯбгарон буданд, изҳори сипос кард.
Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн раиси ЧВК "Вагнер" бо раҳбарии Евгений Пригожин ба Маскав "марш" эълон карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ин суханронӣ дар пайи муноқишаи байни Пригожин ва Вазорати дифои Русия барангехта шудааст.
Рузи дигар қушунҳои рота Ростовро ишғол карда, ҳаракатро ба сӯи пойтахт давом доданд.
Дар натиҷаи гуфтушуниди дуру дарози Лукашенко ва сардори ЧВК бӯҳрон бартараф карда шуд.