Путин гуфт, созмондиҳандагони шӯриш ба шӯҳрати ҷангиёни "Вагнер" хиёнат карданд

© Sputnik / Гавриил Григоров / Гузариш ба медиабонкОбращение президента РФ В. Путина к гражданам России
Обращение президента РФ В. Путина к гражданам России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия гуфт, ба шӯҳрати ҷангиёни "Вагнер", ки дар Амалиёти вижаи низомӣ меҷангиданд, аз ҷониби созмондиҳандагони шӯриш хиёнат карда шуд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ном ва шаъну шарафи қаҳрамонони "Вагнер", ки дар Ҷумҳурии мардумии Донетск ҷангидаанд ва ҷони худро барои осоиши Русия бахшидаанд, аз ҷониби онҳое, ки шӯришро ташкил кардаанд, хиёнат карданд.

Дар ин бора, кишвардори Русия, Владимир Путин дар паёми худ ба мардум дар робита ба вазъи мавҷуда изҳор дошт.
Роҳбари Русия дар паёмаш гуфт, шӯҳратпарастӣ ва манфиатҳои шахсӣ боиси хиёнат ба Русия ва мардуми Русия шудааст.
"Каҳрамононе, ки Соледар ва Артемовск, шаҳру маҳаллҳои аҳолинишини Донбассро озод карданд ва ҷони худро барои ягонагӣ ва сулҳи Русия нисор карданд. Ба ном ва ӯҳрати онҳо ҳам хиёнат карда, исён ташкил намуданд ва кишварро ба анархия, бародаркушӣ ва дар ниҳоят ба таслимшавӣ телла медиҳанд", - изҳор дошт Путин.
Ёдовар мешавем, Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия изҳор дошт, ки ФСБ аз рӯи далели даъват ба шӯриши мусаллаҳона парвандаи ҷиноӣ боз кардаааст.
Зимнан, мақомдорони зиёд аз Вазорати мудофиаи Русия ба роҳбари "Вагнер" ва ҷангиёни ин гурӯҳ муроҷиатҳои видеоӣ нашр намуданд.
Аз ҷумла, муовини фармондеҳи нерӯҳои муттаҳидаи Русия дар минтақаи амалиёти вижаи низомии Сергей Суровикин аз фармондеҳон даъват кард, ки ба иродаи президент итоат кунанд ва мушкилро бо роҳи осоишта ҳал кунанд.
Инструктаж расчета самоходной-артиллерийской установки (САУ) МСТА-С на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2023
Талош барои шӯриши мусаллаҳона дар Русия: охирин маълумот
"Ба роҳбарият, командирон ва ҷанговарони "Вагнер" муроҷиат мекунам, душман танҳо вақте мунтазир аст, ки вазъи сиёсии дохилии мо бадтар мешавад. Дар ин замони барои кишвар душвор ба дасти душман бозӣ кардан мумкин нест", - афзуд Суровикин.
Ҳамчунин, генерал-лейтенанти артиш Владимир Алексеев ба гурӯҳи "Вагнер" муроҷиат карда, изҳор дошт, ки ин зарба ба пушти кишвар ва президент аст.
"Танҳо президент ҳақ дорад роҳбарияти олии нерӯҳои мусаллаҳро таъин кунад ва шумо кӯшиш мекунед, ки қудрати ӯро назорат кунед. Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар ин бора фикр кунед, ҳоло дер нашудааст", - гуфт Алексеев дар як мусоҳибаи видеоӣ.
Лентаи хабарҳо
0