Нуқтаҳои махсуси забҳи чорво дар Душанбе

Обуна шудан
Рӯйхати ҷойҳои муваққатӣ барои забҳи чорво дар Иди Қурбонро шаҳрдории Душанбе маълум кардааст. Сокинон метавонанд чорворо танҳо дар ин маконҳо забҳ кунанд
Дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво кушторгоҳҳои вижа ташкил карда мешавад.
Бо қарори роҳбарияти Душанбе, дар чор ноҳияи пойтахт ҷойҳои махсуси забҳи чорво ташкил карда шудааст.
Бар тибқи рӯйхате, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон гардидааст, аз ҳама беш кушторгоҳҳо дар ноҳияи Сино ташкил шудааст. Сокинони ин ноҳия дар Иди Қурбон имкон доранд дар даҳҳо ҷой гӯсфанд қурбонӣ кунанд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Фирдавсӣ аз кӯчаи Қаҳҳоров то маҳаллаи Қаротегин кушторгоҳҳо ташкил карда шудаанд.
Иди Қурбон дар Маскаву атрофи он чӣ гуна таҷлил хоҳад шуд?
Дар ноҳияи Шоҳмансур ҷои вижа аз маҳаллаи Бадахшон - 2 то маҳаллаҳои Яккатут ва Чилмеҳроб барои сокинон омода шудааст.
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ имкон доранд чорворо дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ дар назди Маркази гармидиҳӣ - 2 қурбон кунанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол Иди Қурбон ба 28 июн рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Намози ид дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0