Иди Қурбон дар Маскаву атрофи он чӣ гуна таҷлил хоҳад шуд?

© Sputnik / Глеб Киселев / Гузариш ба медиабонкПолумесяц на куполе Московской соборной мечети. Архивное фото
Полумесяц на куполе Московской соборной мечети. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Обуна шудан
Муфтӣ қайд кард, ки фармони Рашид Баязитов дар бораи лағви чорабинии оммавӣ дар масҷид ба Идораи дини мусулмонони Русия дахл надорад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Иди Қурбон дар Маскав ва вилояти Маскав тибқи нақшаи мувофиқашуда бо мақомот баргузор мешавад.
Дар ин бора муовини раиси Идораи динии мусалмонони Русия (ДУМ) муфтии Русия Рушан Аббосов хабар дод.
Вай ёдовар шуд, ки низоми амалиёти зиддитеррористӣ, ки дар пойтахт ва минтақа ҷорӣ шудааст, лағв шудааст.
"Дар ин робита, дар масҷидҳои ҷомеъ, ёдбудӣ ва таърихии Маскав, ҳамчунин дар ҷойҳои иловагии пойтахти Русия ва дар 55 мавзеи дигари вилояти Маскав намози ид ба таври муқаррарӣ, тавре ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, баргузор мешавад", - гуфт Аббясов.
Продажа жертвенных животных на рынке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2023
Иди Қурбон-2023: таъриху фазилатҳои ҷашни мусалмонӣ
Муфтӣ афзуд, фармони раиси Шӯрои созмони динии “Ярдям” Рашид Баязитов дар бораи лағви таҷлили ид ба Идораи рӯҳонии мусалмонони Федератсияи Русия дахл надорад.
"Ин тасмим ба нақшаҳои Идораи рӯҳонии мусалмонони Федератсияи Русия оид ба баргузории намоз ва ҷашнҳои ид таъсир намерасонад", - гуфт муфтӣ.
Қаблан раиси шӯрои созмони динии "Ярдям"-и ноҳияи Отрадноеи Маскав Рашид Баязитов фармон содир карда буд, ки бар асари ҷорӣ шудани режими амалиёти зиддитеррористӣ чорабинии оммавӣ дар масҷидро лағв мекунад.
Лентаи хабарҳо
0