https://sputnik.tj/20230626/tojikiston-jashn-buzurg-ruz-vahdat-tajlil-1057911975.html
Маълум шуд, ки Тоҷикистон ҷашни бузурги Рӯзи Ваҳдатро чи гуна таҷлил мекунад
Маълум шуд, ки Тоҷикистон ҷашни бузурги Рӯзи Ваҳдатро чи гуна таҷлил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ҷашни бузурги Рӯзи Ваҳдатро бо баргузории чорабиниҳои рангини фарҳангӣ дар тамоми манотиқи кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мекунад
2023-06-26T13:15+0500
2023-06-26T13:15+0500
2023-06-26T14:13+0500
дар тоҷикистон
рӯзи ваҳдати миллӣ
таҷлили ид
вазорати фарҳанг
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/33/1029253351_0:8:3071:1735_1920x0_80_0_0_349f63b0a7d8985ecb1e56ffc6b4d522.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории барномаи бузурги идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдат хабар дод. Ин барнома фардо, 27 июн, дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”, маҳалли баргузории идҳои бузурги шаҳри Душанбе иҷро мешавад. Мирзолим Саидов, сардори Раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, дар ин барномаи васеъи фарҳангӣ як қисмати бузургони аҳли мусиқӣ ва фарҳанги кишвар барои ҳозирин барнома иҷро хоҳанд кард. Вай афзуд, ду театри бузурги Тоҷикистон – Театри ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ва Театри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов барои иҷрои барномаҳо ба вилояти Бадахшон эъзом шудаанд. “Онҳо як ҳафта ба ин сӯ дар тамоми навоҳии вилояти Бадахшон намоишномаҳои худро ба мардуми маҳал иҷро мекунанд”, - гуфт сардори Раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон. Ба қавли ӯ, рӯзҳои истироҳат аз шанбеи гузашта то рӯзи 27 июн дар тамоми боғҳои фарҳангии Тоҷикистон консертҳо баргузор мешаванд. 27 июн дар Тоҷикистон аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар шаҳри Маскави Русия Созизномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумат ва мухолифини Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки амалан бар ҷанги дохилӣ дар кишвар нуқта гузошт.
https://sputnik.tj/20230619/tojikistoniyon-ruzi-vahdat-id-qurbon-istirohat-1057784753.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/33/1029253351_222:0:2953:2048_1920x0_80_0_0_75f1bf811baad3e21f60a9b5e3a126f7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷашни бузург рӯзи ваҳдат шаршара наврӯзгоҳ
ҷашни бузург рӯзи ваҳдат шаршара наврӯзгоҳ
Маълум шуд, ки Тоҷикистон ҷашни бузурги Рӯзи Ваҳдатро чи гуна таҷлил мекунад
13:15 26.06.2023 (Навсозишуда: 14:13 26.06.2023) Эксклюзив
Тоҷикистон ҷашни бузурги Рӯзи Ваҳдатро бо баргузории чорабиниҳои рангини фарҳангӣ дар тамоми манотиқи кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории барномаи бузурги идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдат хабар дод.
Ин барнома фардо, 27 июн, дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”, маҳалли баргузории идҳои бузурги шаҳри Душанбе иҷро мешавад.
Мирзолим Саидов, сардори Раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, дар ин барномаи васеъи фарҳангӣ як қисмати бузургони аҳли мусиқӣ ва фарҳанги кишвар барои ҳозирин барнома иҷро хоҳанд кард.
“Ҳоло гуфта наметавонем, ки аз мақомот кӣ дар ин ҷашн ширкат мекунад, аммо ҳузур ва иҷрои ҳунарпешагони маъруфи кишвар дақиқ аст”, - гуфт Мирзолим Саидов.
Вай афзуд, ду театри бузурги Тоҷикистон – Театри ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ва Театри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов барои иҷрои барномаҳо ба вилояти Бадахшон эъзом шудаанд.
“Онҳо як ҳафта ба ин сӯ дар тамоми навоҳии вилояти Бадахшон намоишномаҳои худро ба мардуми маҳал иҷро мекунанд”, - гуфт сардори Раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, рӯзҳои истироҳат аз шанбеи гузашта то рӯзи 27 июн дар тамоми боғҳои фарҳангии Тоҷикистон консертҳо баргузор мешаванд.
27 июн дар Тоҷикистон аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз дар шаҳри Маскави Русия Созизномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумат ва мухолифини Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки амалан бар ҷанги дохилӣ дар кишвар нуқта гузошт.