Маълум шуд, тоҷикистониён дар Ҷашни ваҳдат ва Иди қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаФлаг Таджикистана
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Шумораи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон дар охири июн маълум шуд. 27 июн дар кишвар Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 28-ум бошад Иди қурбон таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Сокинони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Иди қурбон паиҳам чаҳор рӯз истироҳат мекунанд.
Ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон Исмоил Файзизода муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ тасдиқ карданд.
Ба иттилои манбаъ, Рӯзи ваҳдати миллӣ 27 июн аст ва тибқи ҳисоботи пешакӣ Иди қурбон ба 28 рост меояд.
Мусульманский календарь на 2023 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2023
Ӯ гуфт, ки тибқи Кодекси меҳнат, тартиби гузаронидани рӯзи истироҳатро ба дигар рӯзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳамин тариқ миёни рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ (шанбе ва якшанбе) ва рӯзҳои ид як рӯзи корӣ, яъне 26 июн аст, ки он ба шанбеи 24 июн кӯчонида мешавад.
"Онҳое, ки ҳафтаи кории 5-рӯза доранд, ба ҷойи душанбеи 26-уми июн шанбеи 24-уми ҳамин моҳ кор карда рӯзҳои 25,26,27 ва 28-ум истироҳат хоҳанд кард", -афзуд манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0