https://sputnik.tj/20230626/mevaho-tojikiston-narkh-rusiya-mutadil-1057914870.html
Меваҳои Тоҷикистон нархҳоро дар Русия мӯътадил карданд
Меваҳои Тоҷикистон нархҳоро дар Русия мӯътадил карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели воридоти мавсимии буттамева ва меваҷот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи бархе аз маҳсулоти ғизоӣ дар мағозаҳои Русия беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст
2023-06-26T15:47+0500
2023-06-26T15:47+0500
2023-06-26T15:47+0500
дар тоҷикистон
дар русия
меваҷот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0d/1053472327_0:0:3167:1782_1920x0_80_0_0_b355f70f8c1d15341f90d669f9f5bd89.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар рафҳои дӯконҳои Русия пайдо шудани меваҳои ҳосили нав аз Тоҷикистону Ӯзбекистон нархи ин маҳсулотро ба эътидол овардааст. Дар ин бора дар мусоҳиба бо Радиои Sputnik доктори илмҳои иқтисод, таҳлилгари бозори кишоварзӣ Леонид Холод изҳор дошт.Инак, дар моҳи май як килограмм гелос 1000—1200 рубл буд, ҳоло — 400—500 аст, қайд кард Холод. Дар қимати нектарину шафтолу ва зардолу низ ҳамин тавр аст, суханашро давом дода гуфт мутахассис: арзиши аслии он ду-се баробар кам шудааст. "Ҳар қадаре, ки онҳо ба мо меваи зиёд оваранд, нархи онҳо ҳамон қадар арзонтар мешавад. Вақте ки ҳосили мо - Краснодар, Ставропол, Ростов меояд - пастшавӣ боз ҳам бештар мушоҳида мешавад", - пешгӯӣ кард Холод.
https://sputnik.tj/20230624/sodirot-zardolu-asht-rekord-1057892667.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0d/1053472327_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_39eb624b7a16e1f7cf877ecb25b629d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
меваҳо тоҷикистон нарх русия мӯътадил
меваҳо тоҷикистон нарх русия мӯътадил
Меваҳои Тоҷикистон нархҳоро дар Русия мӯътадил карданд
Ба далели воридоти мавсимии буттамева ва меваҷот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи бархе аз маҳсулоти ғизоӣ дар мағозаҳои Русия беш аз ду баробар коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар рафҳои дӯконҳои Русия пайдо шудани меваҳои ҳосили нав аз Тоҷикистону Ӯзбекистон нархи ин маҳсулотро ба эътидол овардааст.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо Радиои Sputnik доктори илмҳои иқтисод, таҳлилгари бозори кишоварзӣ Леонид Холод изҳор дошт.
"Таваҷҷӯҳ кунед, ба он меваю сабзавот, ки дар инҷо ҳам мерӯянд, вале дертар мепазанд, ки аз Ӯзбекистону Тоҷикистон оварда мешаванд. Пештар нархи онҳо комилан "фазоӣ" буд, ҳоло поин рафта истодааст", - гуфт ӯ.
Инак, дар моҳи май як килограмм гелос 1000—1200 рубл буд, ҳоло — 400—500 аст, қайд кард Холод.
Дар қимати нектарину шафтолу ва зардолу низ ҳамин тавр аст, суханашро давом дода гуфт мутахассис: арзиши аслии он ду-се баробар кам шудааст.
"Ҳар қадаре, ки онҳо ба мо меваи зиёд оваранд, нархи онҳо ҳамон қадар арзонтар мешавад. Вақте ки ҳосили мо - Краснодар, Ставропол, Ростов меояд - пастшавӣ боз ҳам бештар мушоҳида мешавад", - пешгӯӣ кард Холод.