https://sputnik.tj/20230624/sodirot-zardolu-asht-rekord-1057892667.html
Содироти зардолуи Ашт рекордӣ шуд
Содироти зардолуи Ашт рекордӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ашт ҳамарӯза ҳудуди 8 ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷамъоварии ҳосил ҳамроҳ шуда, барои кумак ба боғдорон аз 150 то 350 сомонӣ кӯмакпулӣ мегиранд
2023-06-24T17:17+0500
2023-06-24T17:17+0500
2023-06-24T20:51+0500
дар тоҷикистон
ашт
зардолу
содирот
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056752670_1:0:819:460_1920x0_80_0_0_9516e6cda836eea87ef36b617e100854.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ашт дар мавсими имсола аллакай зиёда аз 4000 тонна зардолуи барвақтӣ содир кардааст. Дар ин бора ба ҳукумати ноҳия хабар доданд. Гуфта мешавад, ки дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар Ашт майдони зардолузор 400 га зиёд шуд.Ҳамин тариқ, дар 18 ҳазор га боғи зардолуи ноҳия, ки 11 ҳазор га навъҳои серҳосил, ба шароит мутобиқ аз қабили: "мирсанҷалӣ", "бобоӣ", "исфарак", "офтобак" ва "тоҷибой" мебошанд.Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии ҳосил ба анҷом нарасидааст. Ҳар рӯз 8-9 ҳазор нафар одамон ба ёрии боғдорони Ашт меоянд. Барои корашон дар як рӯз аз 150 то 350 сомонӣ мегиранд. Дар назар аст, ки дар мавсими имсола кишоварзони вилоят беш аз 100 ҳазор тон зардолу истеҳсол кунанд. Дар вилояти Суғд беш аз 50 ҳазор га боғи зардолу мавҷуд аст, ки дар он беш аз 32 намуди гуногун мерӯянд. Онҳо бештар дар минтақаҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ воқеъ гардидаанд.
https://sputnik.tj/20230611/zardolu-asht-eron-arabiston-sodirot-1057666072.html
ашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/1c/1056752670_103:0:716:460_1920x0_80_0_0_c240db01b95eda0d1db89df9c69250c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот зардолу ашт рекорд
содирот зардолу ашт рекорд
Содироти зардолуи Ашт рекордӣ шуд
17:17 24.06.2023 (Навсозишуда: 20:51 24.06.2023) Дар ноҳияи Ашт ҳамарӯза ҳудуди 8 ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷамъоварии ҳосил ҳамроҳ шуда, барои кумак ба боғдорон аз 150 то 350 сомонӣ кӯмакпулӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ашт дар мавсими имсола аллакай зиёда аз 4000 тонна зардолуи барвақтӣ содир кардааст.
Дар ин бора ба ҳукумати ноҳия хабар доданд. Гуфта мешавад, ки дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар Ашт майдони зардолузор 400 га зиёд шуд.
Ҳамин тариқ, дар 18 ҳазор га боғи зардолуи ноҳия, ки 11 ҳазор га навъҳои серҳосил, ба шароит мутобиқ аз қабили: "мирсанҷалӣ", "бобоӣ", "исфарак", "офтобак" ва "тоҷибой" мебошанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҷамъоварии ҳосил ба анҷом нарасидааст.
Ҳар рӯз 8-9 ҳазор нафар одамон ба ёрии боғдорони Ашт меоянд. Барои корашон дар як рӯз аз 150 то 350 сомонӣ мегиранд.
Дар назар аст, ки дар мавсими имсола кишоварзони вилоят беш аз 100 ҳазор тон зардолу истеҳсол кунанд.
Дар вилояти Суғд беш аз 50 ҳазор га боғи зардолу мавҷуд аст, ки дар он беш аз 32 намуди гуногун мерӯянд. Онҳо бештар дар минтақаҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ воқеъ гардидаанд.