https://sputnik.tj/20230624/sohibkoron-tojikiston-rusiya-sanad-hamkori-imzo-1057892871.html
Соҳибкорони Тоҷикистону Русия 35 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Соҳибкорони Тоҷикистону Русия 35 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар умум соҳибкорони вилояти Суғд бо намояндагони панҷ давлат ҷамъан 75 шартнома имзо карданд, ки аксараш бо кишвари Русия мебошад
2023-06-24T18:08+0500
2023-06-24T18:08+0500
2023-06-24T20:50+0500
дар тоҷикистон
дар русия
иқтисод
санад
имзо
соҳибкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057885344_0:1:3637:2047_1920x0_80_0_0_238c001eea322a1d8b7a6b521eb1f825.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Соҳибкорони Суғд бо ҳамтоёнашон аз Русия 35 шартномаи ҳамкории тиҷорӣ имзо карданд. Дар ин бора Ғайрат Қобилзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода.Ба таъкиди ӯ, санадҳои нав дар доираи Намоишгоҳи тиҷоратии "Суғд 2023" имзо шудаанд. Ӯ гуфт, созишномаҳо аз содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ ва ташкили корхонаҳои нав дар кишвар иборатанд.Қаблан дар вилояти Суғд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо раисони палатаи савдо ва саноати минтақаҳои Приморск, вилояти Маскав, Липетск, Краснодар, Курск ва Нижегородск мулоқот баргузор кард.Шарифҷон Аҳмадов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар доод, ки дар мулоқот ба роҳ мондани ҳамкории минтақаҳои Русия бо вилояти Суғд баррасӣ шуд.Аз ҷумла масъалаи тиҷорату савдо, содироти меваҷот аз Тоҷикистон ва ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ аз минтақаҳои Русия муҳокима гардид.
https://sputnik.tj/20230624/sughd-mintaqa-rusiya-hamkori-ba-roh-memonad-1057891645.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/17/1057885344_454:0:3185:2048_1920x0_80_0_0_94c8340c36a028c0dec4c43c82877d5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия тиҷорат созишнома
тоҷикистон русия тиҷорат созишнома
Соҳибкорони Тоҷикистону Русия 35 санади ҳамкорӣ имзо карданд
18:08 24.06.2023 (Навсозишуда: 20:50 24.06.2023) Эксклюзив
Дар умум соҳибкорони вилояти Суғд бо намояндагони панҷ давлат ҷамъан 75 шартнома имзо карданд, ки аксараш бо кишвари Русия мебошад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Соҳибкорони Суғд бо ҳамтоёнашон аз Русия 35 шартномаи ҳамкории тиҷорӣ имзо карданд.
Дар ин бора Ғайрат Қобилзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода.
Ба таъкиди ӯ, санадҳои нав дар доираи Намоишгоҳи тиҷоратии "Суғд 2023" имзо шудаанд.
"Дар умум, миёни соҳибкорони вилоят ва намояндагони Русия, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Белорус ва Чин зиёда аз 75 шартнома имзо шуд", - таъкид намуд Қобилзода.
Ӯ гуфт, созишномаҳо аз содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ ва ташкили корхонаҳои нав дар кишвар иборатанд.
Қаблан дар вилояти Суғд мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо раисони палатаи савдо ва саноати минтақаҳои Приморск, вилояти Маскав, Липетск, Краснодар, Курск ва Нижегородск мулоқот баргузор кард.
Шарифҷон Аҳмадов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар доод, ки дар мулоқот ба роҳ мондани ҳамкории минтақаҳои Русия бо вилояти Суғд баррасӣ шуд.
Аз ҷумла масъалаи тиҷорату савдо, содироти меваҷот аз Тоҷикистон ва ворид кардани масолеҳи сохтмонӣ аз минтақаҳои Русия муҳокима гардид.