Муроҷиати Путин ба шаҳрвандон дар пасманзари вазъ бо "Вагнер"

© Sputnik / Гавриил Григоров / Гузариш ба медиабонкОбращение президента РФ В. Путина к гражданам России
Обращение президента РФ В. Путина к гражданам России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2023
Обуна шудан
Қаблан котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфта буд, ки Владимир Путин аз вазъ дар атрофи гурӯҳи "Вагнер" огоҳ аст
Президенти Русия Владимир Путин дар робита ба вазъияте. ки гурӯҳи "Вагнер" ба миён оварданд, ба шаҳрвандони ин кишвар муроҷиат кард.
Шаби 24 июн Маркази равобити ҷамъиятии ФСБ иттилоъеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи асосгузори ширкати "Вагнер" Евгений Пригожин паҳн шудааст, дар бораи ҳамлаҳои мушакӣ ва бомбгузорие, ки гӯё Вазорати дифои Русия дар "ақибгоҳ" анҷом додааст, рад кард.
Шӯъба ин хабарҳоро иғвогарӣ номид. Изҳороти шабеҳ дар бораи беэътимод будани ин маълумотро вазорати дифои Русия низ баён кардааст.
Раёсати тафтишотии ФСБ алайҳи Пригожин бар асоси моддаи 279-и Кодекси ҷиноии Русия аз рӯи далели ташкили шӯриши мусаллаҳона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Баъдтар вазорати дифоъ изҳор дошт, ки режими Киев аз иғвои Пригожин истифода карда, дар самти тактикии Бахмутовский бригадаҳоро барои ҳамла ҷамъоварӣ мекунад, аммо "хизматчиёни ҳарбии гурӯҳи нерӯҳои ҷанубӣ душманро бо зарбаҳои ҳавоӣ ва артиллерия мағлуб мекунанд".
Қаблан котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфта буд, ки Путин аз вазъ дар атрофи Пригожин огоҳ аст. Ба гуфтаи ӯ, додситони кулли Федератсияи Русия Игор Краснов ба Путин дар заминаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар бораи кӯшиши ташкили шӯриши мусаллаҳона хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0