Дар Ишкошим сел чанд хонаро шуст

Обуна шудан
Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Ишкошим барои аз хатар эмин нигҳ доштани ҳашт хонавода, онҳоро ба ҷои амн кӯчонд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел чандин манзилу иншоотҳо ва заминҳои кориро хароб кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сел дар ҳудуди деҳаи Мулловоҷии ҷамоати деҳоти Юсуфбек фаромад.
"Сел бо сангу лойи зиёд ду хонаи истиқоматӣ, ду манзили ёрирасон ва 1,20 га замини зироати кишоварзиро зери об кард", - омадааст дар хабари манбаъ.
Манбаъ афзуд, комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҳашт хоҷагиро, ки дар маҳалли зери хавф қарор доштанд, ба макони амнтар интиқол дод.
Зикр гардид, алъон ҳаҷми зарари расида муайян мегардда.
Душанбе накрыла пыльная буря - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Ҳушдори КҲФ аз ифлосшавии шадиди ҳаво дар Тоҷикистон
КҲФ мегӯяд, офати табиӣ дар ноҳияи мазкур талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Иллати фаромадани сел ин ҳавои аз ҳад зиёд гарм, ки боиси тезондани ҷараёни обшавии барфу пиряхҳо гардидааст, рабт дода мешавад.
Қаблна, КҲФ ҳушдор дода буд, ки рӯзҳои 23-24 июндар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сели пиряхӣ пешбинӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0