Азми соҳибкорони Тоҷикистону Русия барои бунёди корхонаҳои муштарак - видео

Обуна шудан
Дар раванди баргузории ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Русия ҷонибҳо барои густраиши ҳамкориҳои судманд таъкид намуданд
Маврид ба зикр аст, ки ин ҷаласа корӣ имрӯз дар меҳмонхонаи байнулмилалии “Суғдиён” и шаҳри Хуҷанд бо иштироки 90 соҳибкор аз кишвари Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид.
Дар ҷараёни он ҷонибҳо имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориро аз наздик муаррифӣ намуданд.
Пул, идея, тоҷирон: ярмаркаи "Суғд-2023" чӣ гуна мегузарад? - видео
Ин ҷаласа дар доираи форуми байналмилалии Суғд Экспо -2023 баргузор гардид, ки дар заминаи он қарордодҳои ҳамкории дуҷониба дар самти гуногун:
Сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд,
Азхуднамудани заминҳои нави кишоварзӣ ҳудуди ин вилоят
Бунёди корхонаҳои коркарди маъдан
Ба роҳ мондани корхонаҳои коркарди пахта
Бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ
Бунёди корхонаҳои истеҳсолии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳру навоҳии Суғд ва манотиқи Русия ба тасвиб расониданд.
Форуми 9 уми байналмилалии Суғд Экспо -2023 субҳи имрӯз бо иштироки 500 соҳибкор ва корпусҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷи дуру наздик то рӯзи 24 дар шаҳри Хуҷанд идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0