Таъкиди сарони Ҳиндустон ва Амрико бар эҷоди давлати фарогир дар Афғонистон

© AFP 2023 / Kevin Lamarque/PoolПрезидент США Джо Байден и премьер-министр Индии Нарендра Моди на саммите G20 в Индонезии
Президент США Джо Байден и премьер-министр Индии Нарендра Моди на саммите G20 в Индонезии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Обуна шудан
Сарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳиндустон пас аз музокирот хостори эҷоди як сохтори сиёсии фарогир дар Афғонистон шуданд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ва нахуствазири Ҳиндустон Норендра Модӣ дар баёнияи муштарак бар аҳамияти ташкили як сохтори сиёсии фарогир дар Афғонистон таъкид карданд.
Дар ин баёния, ки дар ҷараёни сафари Модӣ ба Вашингтон мунташир шудааст, сарони Амрико ва Ҳинд аз як Афғонистони сулҳомез, амну босубот ҳимоят карданд.
Бар асоси ин баёния, Байден ва Модӣ вазъияти кунунии башардӯстона дар Афғонистонро мавриди баҳс қарор дода ва бар лузӯми тадовуми ироаи кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ба мардуми Афғонистон тавофуқ кардаанд.
Сарони ду кишвар, ҳамчунин, аз ҳукумати толибон хостаанд то ба қатъномаи 2593 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пойбанд бошанд ва набояд хоки Афғонистон барои таҳдид ё ҳамла ба кишваре, паноҳ додан ё омӯзиши террористҳо, барномарезӣ ё таъмини молии ҳамалоти террористӣ истифода шавад.
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
СММ: Толибон* қодир нестанд ё намехоҳанд терроризмро дар Афғонистон хотима диҳанд
Байден ва Модӣ бо тааҳҳуд ба идомаи ройзаниҳои наздик дар мавриди вазъияти Афғонистон, бар аҳамияти ташкили як сохтори сиёсии фарогир дар ин кишвар таъкид кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид мақомоти кунунии Афғонистонро барои он интиқод кард, ки ин кишварро дубора ба маркази терроризм табдил додаанд.
Лентаи хабарҳо
0