Дар Алмаато амнияти Осиёи Марказӣ ва Русияро баррасӣ мекунанд

© Sputnik / StringerФлаги стран ОДКБ, архивное фото
Флаги стран ОДКБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2023
Обуна шудан
Иштирокчиёни ҷаласа дар пасманзари тезутунд гаштани вазъи сиёсии байналмилалӣ масъалаҳои таъмини амнияти минтақа ва Русияро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев ба Қазоқистон сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи созмон хабар додааст.
Вай дар нахустин нишасти котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Алмаато оғоз шуд, ширкат мекунад.
Дар ин ҷаласа дар назар аст, ки котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода низ ширкат кунад.
Гуфта мешавад, ки мавзӯъҳои аслии баҳс масоили таъмини амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар шароити муосир хоҳад буд.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
ИМА мехоҳад як театри эҳтимолии ҷанг дар Осиёи Марказиро омӯзад
Ҷаласаи машваратӣ дар шароити тезу тунд шудани вазъияти сиёсии байналхалқӣ, ки Ғарб ҳукмронии ҷаҳонии худро ҳарҷониба нигоҳ доштан мехоҳад ва барои ин дар манотиқи гуногуни ҷаҳон шиддат ва низоъҳоро ба амал меоварад, доир мешавад.
Қаблан Патрушев дар машваратҳои дуҷонибаи Русия ва Қазоқистон ширкат дошт.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар заминаи мубориза бо терроризм ва ифротгароии мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд.
Дар машварат коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амниятӣ, бехатарӣ, инчунин - намояндагони як қатор вазорату идорахои ФР ва Қазокистон иштирок доштанд.
Дар алоҳидагӣ масъалаи ҳамкорӣ дар шароити муосири геополитикӣ низ матраҳ шуд.
Лентаи хабарҳо
0