https://sputnik.tj/20230615/jumakhonzoda-vazifa-shsh-jalb-azoi-nav-1057731085.html
Ҷумъахонзода: Вазифаи СҲШ ҷалби аъзои нав аст
Ҷумъахонзода: Вазифаи СҲШ ҷалби аъзои нав аст
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар бораи аҳамияти рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани ҷолибияти СҲШ дар арсаи ҷаҳонӣ сухан гуфт
2023-06-15T16:42+0500
2023-06-15T16:42+0500
2023-06-15T16:42+0500
дар тоҷикистон
сҳш
иқтисод
савдо
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758376_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_e3055849621e7311d7a60786b2f9fddf.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ аз авлавиятҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай боқӣ мемонад. Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдои Тоҷикистон ва раиси бахши тоҷикистонии Шӯрои тиҷоратии СҲШ изҳор дошт.Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии аъзои блок бояд дар пуштибонии ташаббусҳои доираҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон асос ёбад.Ҷумъахонзода қайд кард, ки дар ин ҷо масъалаҳои нақлиёту логистика ва роҳандозии равобити тиҷоратӣ байни давлатҳо нақши муҳим доранд. Ба андешаи ӯ, маҳз кор барои аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар ҳаракати молу хизматрасонӣ метавонад рақобатпазирии СҲШ-ро афзоиш диҳад ва аъзои навро ҷалб кунад. Қаблан Внешэкономбонк аз ҳукуматҳои Русия ва Чин даъват карда буд, ки ташкили низоми муассири ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо рубл, юан ва асъори кишварҳои дигари узви СҲШ ва БРИКСро суръат бахшанд. Амиқсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бидуни эҷоди инфрасохтори комилан нав барои шарикии иқтисодии давлатҳо ғайриимкон аст, таъкид кард ӯ.
https://sputnik.tj/20230523/vneshekonombank-nizom-hisobbarobar-pul-milli-1057314369.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758376_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_e2ee2a2bc523fc5a7e40d72b9d7bfc4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш ҷумъахонзода иқтисод
Ҷумъахонзода: Вазифаи СҲШ ҷалби аъзои нав аст
Намояндаи Тоҷикистон дар бораи аҳамияти рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ барои баланд бардоштани ҷолибияти СҲШ дар арсаи ҷаҳонӣ сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ аз авлавиятҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай боқӣ мемонад. Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдои Тоҷикистон ва раиси бахши тоҷикистонии Шӯрои тиҷоратии СҲШ изҳор дошт.
Вай таъкид кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии аъзои блок бояд дар пуштибонии ташаббусҳои доираҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон асос ёбад.
Ҷумъахонзода қайд кард, ки дар ин ҷо масъалаҳои нақлиёту логистика ва роҳандозии равобити тиҷоратӣ байни давлатҳо нақши муҳим доранд. Ба андешаи ӯ, маҳз кор барои аз байн бурдани маҳдудиятҳо дар ҳаракати молу хизматрасонӣ метавонад рақобатпазирии СҲШ-ро афзоиш диҳад ва аъзои навро ҷалб кунад.
Қаблан Внешэкономбонк аз ҳукуматҳои Русия ва Чин даъват карда буд, ки ташкили низоми муассири ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо рубл, юан ва асъори кишварҳои дигари узви СҲШ ва БРИКСро суръат бахшанд.
"Мо ҳам аз ҳукумати Русия ва ҳам шарикони мо аз Чин даъват мекунем, ки ҳарчи фаъолтар амал кунанд, то ҳарчи зудтар чунин зерсохтор пайдо шавад", - гуфт Игор Шувалов, раиси бонк.
Амиқсозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бидуни эҷоди инфрасохтори комилан нав барои шарикии иқтисодии давлатҳо ғайриимкон аст, таъкид кард ӯ.