Маълум шуд ҷашни “Тиргон” кай ва дар куҷо баргузор мегардад

© Sputnik / Амир ИсаевБотанический сад Академии наук Таджикистана (Боги "Ирам")
Ботанический сад Академии наук Таджикистана (Боги Ирам) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар "Боғи Ирам" ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Рӯзи 25 июн дар Муассисаи давлатии "Боғи Ирам"-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории Иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" таҷлил мешавад.
Дар ин бораи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои мақомот, дар ҷашнгоҳ намоиши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз ин мева омодашуда, инчунин - хушкмеваҳои ватанӣ, навъҳои зироати кишоварзӣ ва дастовардҳои илмии кишоварзон ташкил мегардад.
Ба иттилои манбаъ дар қисмати фарҳангии чорабинӣ тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳаи кишоварзӣ дар назар дошта шудааст.
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Маълум шуд, тоҷикистониён дар Ҷашни ваҳдат ва Иди қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд
Бояд гуфт, ки таҷлили ҷашни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар дар бораи таҷлили ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" ба роҳ монда мешавад.
Ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт.
Лентаи хабарҳо
0