Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Гулӯлаборони артиши Украина мунҷар ба фалокати экологӣ дар поёноби Днепр шуд

© Sputnik / Таисия Воронцова / Гузариш ба медиабонкПоследствия прорыва Каховской ГЭС
Последствия прорыва Каховской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2023
Обуна шудан
Губернатори вилояти Херсон дар бораи оқибатҳои обхезии минтақа ва ҳамчунин ҳамлаҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нуқтаҳои тахлияи сокинон сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Маҷрои поёни дарёи Днепр баъди хароб шудани данбаи пойгоҳи барқии Каховская дар натиҷаи тирборони артиши Украина дар ҳолати фалокати экологӣ қарор гирифтааст.
Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Херсон Владимир Салдо хабар дод.

"Қисми поёнии Днепр ҳоло дар ҳолати фалокати экологӣ қарор гирифтааст, зеро паррандаҳои зиёде ҳастанд, ки бидуни дарк моҳиҳои нафасгиршудаву олударо ба дигар ҷой мебаранд", - гуфт ӯ.

Ба таъкиди сиёсатмадор, ба ин далел, дар обҳои Руминия, Булғористон ва ҷанубу ғарби Украина "мушкилоти экологӣ"-и марбут ба олудагии об метавонад ба миён ояд.
Салдо афзуд, ки нерӯҳои украинӣ нуқтаҳои тахлияи сокинони вилояти Херсонро, ки аз обхезӣ осеб дидаанд, тирборон мекунанд.
"Дасту сари одаме, ки супориши нобудсозии НОБ-и Каховкаро додааст, ҳазор сол боз ба хун олуда аст, барои ин бояд ҷавоб гардонд", - афзуд ӯ.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин тахриби садди Каховскаяро амали ваҳшиёнаю террористӣ хонд
Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми июни соли 2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи барқи обии Каховка ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа данба хароб шуда, бе назорат берун рафтани об оғоз шуд.
Вайрон шудани НБО ба табиат зарари калон расонд, киштзорҳои хоҷагиҳои соҳили Днепр низ шуста шуданд.
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков ҳамла ба нерӯгоҳи Каховскаяро як тахрибкории барқасдона аз ҷониби Украина номид.
Вай афзуд, ки Киев бояд тамоми масъулиятро барои оқибатҳои ин ҳодиса бар дӯш гирад.
Лентаи хабарҳо
0