https://sputnik.tj/20230607/putin-takhrib-sadd-kakhovskiy-vahshiyona-khond-1057609625.html
Путин тахриби садди Каховскаяро амали ваҳшиёнаю террористӣ хонд
Путин тахриби садди Каховскаяро амали ваҳшиёнаю террористӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
ИМА, Англия ва шариконашон дар НАТО барои тарконидани сарбанди неругоҳи барқи обии Каховская розигӣ додаанд ва барои ин кирдор бояд ҷавоб гӯянд
2023-06-07T20:30+0500
2023-06-07T20:30+0500
2023-06-07T20:30+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
владимир путин
амният ва мудофиа
амалиёт
террорист
низом
киев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057444082_0:0:3103:1745_1920x0_80_0_0_c34ef0e8a6927af164f55332371c5859.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тахриби нерӯгоҳи барқи обии Каховская мисоли равшани усулҳои террористии низоми Киев мебошад. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт. Ба гуфтаи раҳбари Русия, Украина бо пуштибонии Ғарб вазъро шиддат бахшида истодааст. Илова бар ин, дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев, ҳарфҳои раисҷумҳурро таъйид карда, иқдоми Киевро ҳамлаи террористӣ номид. "Ин як ҳамлаи навбатии террористии тарҳрезишуда аз ҷониби режими Киев аст, ки ҳадафаш аз байн бурдани мардуми осоишта ва зербиноҳои ғайринизомӣ аст", - гуфт ӯ.Патрушев иддао мекунад, ки як рӯз пеш аз тарконидани сарбанд бо дастури Киев дар нерӯгоҳи Днепропетровск об холӣ карда шуд. "Баъд ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская як зарбаи дигар зада шуд, ки оқибатҳои боз ҳам зараровартари обхезиро пешакӣ муайян кард", - тасдиқ кард котиби Шӯрои амнияти Русия.Ӯ бовар дорад, ки низоми Киев хавфи зери об мондани заминҳои Херсон, нерӯгоҳи атомӣ дар минтақа ва хатари пури лойқа шудани канали Қрими шимолиро хуб медонад. Маврид ба зикр аст, ки 6-уми июни соли 2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа сад хароб шуда, об бе назорат берун рафтан гирифт ва обхезӣ ба вуҷуд омад.
https://sputnik.tj/20230607/medvedev-bartari-artish-rusiya-ukraina-1057596414.html
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057444082_238:0:2967:2047_1920x0_80_0_0_6d1ce2d1385f954bde147a37825f4769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳур, русия, каховская
владимир путин, раисҷумҳур, русия, каховская
Путин тахриби садди Каховскаяро амали ваҳшиёнаю террористӣ хонд
ИМА, Англия ва шариконашон дар НАТО барои тарконидани сарбанди неругоҳи барқи обии Каховская розигӣ додаанд ва барои ин кирдор бояд ҷавоб гӯянд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тахриби нерӯгоҳи барқи обии Каховская мисоли равшани усулҳои террористии низоми Киев мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор дошт.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, Украина бо пуштибонии Ғарб вазъро шиддат бахшида истодааст.
"Мақомоти Киев чун пештар барои авҷи амалиёти ҷангӣ, ҷиноятҳои ҷангӣ, ошкоро истифода аз усулҳои террористӣ, ташкили тахрибкорӣ дар қаламрави Русия иқдом мекунанд", - гуфт Путин.
Илова бар ин, дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев, ҳарфҳои раисҷумҳурро таъйид карда, иқдоми Киевро ҳамлаи террористӣ номид.
"Ин як ҳамлаи навбатии террористии тарҳрезишуда аз ҷониби режими Киев аст, ки ҳадафаш аз байн бурдани мардуми осоишта ва зербиноҳои ғайринизомӣ аст", - гуфт ӯ.
Патрушев иддао мекунад, ки як рӯз пеш аз тарконидани сарбанд бо дастури Киев дар нерӯгоҳи Днепропетровск об холӣ карда шуд.
"Баъд ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская як зарбаи дигар зада шуд, ки оқибатҳои боз ҳам зараровартари обхезиро пешакӣ муайян кард", - тасдиқ кард котиби Шӯрои амнияти Русия.
Ӯ бовар дорад, ки низоми Киев хавфи зери об мондани заминҳои Херсон, нерӯгоҳи атомӣ дар минтақа ва хатари пури лойқа шудани канали Қрими шимолиро хуб медонад.
Маврид ба зикр аст, ки 6-уми июни соли 2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи барқи обии Каховская ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа сад хароб шуда, об бе назорат берун рафтан гирифт ва обхезӣ ба вуҷуд омад.