https://sputnik.tj/20230621/zardolu-napukhta-khushk-tasiri-iqlim-kishovarzii-osiyo-miyona-1057827658.html
Зардолу напухта хушк шуд: Таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзии Осиёи Миёна
Зардолу напухта хушк шуд: Таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзии Осиёи Миёна
Sputnik Тоҷикистон
Аз мушкили камбуди об даҳҳо гектар киштзорҳо дар водии Фарғона ташналаб монда ва ҳосили дарахтон напухта хушк шудаанд
2023-06-21T12:59+0500
2023-06-21T12:59+0500
2023-06-21T12:59+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
тағйирёбии ҳаво
зардолу
осиёи марказӣ
мева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057201662_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_fda7a112c23f3c753819df49a4ae2776.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Чунин вазъи номусид қариб дар аксар минтақаҳои наздимарзии кишварҳои Осиёи Миёна ва аз ҷумла водии Фарғона баръало мушоҳида мешавад.Шукурҷон Нематов, муовини сардори Идораи обёрии замин дар шаҳри Конибодом дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкили кам шудани ҳаҷми об дар канали бузурги Фарғона иброз намуд.Ӯ гуфт, ҳоло ҷоришавии об ба киштзорҳои шаҳри Конибодом тавассути ин канал то 5 – 6 куб литр кам шудааст. Дар ҳоле, ки солҳои қаблӣ дар ҳамин шабурӯз тибқи реҷаи тақсимот то 12 куб об ҷорӣ мешуд.Канали бузурги Фарғона соли 1939 сохта шудааст. Ин наҳр байнулмиллалӣ буда, барои обёрии заминҳои шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва киштзорҳои вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Ӯзбекистон бунёд шудааст. Ғунҷоиши об дар он ба 15 куб баробар аст, ки тибқи реҷаи тақсимоти он сурат мегирад.Сарчашмаи оби канали Фарғона дарёи Норин аст ва дар навбати худ ин дарё аз обанбори Токтакули Қирғизистон сарчашма мегирад.Муовини сардори Идораи об дар шаҳри Конибодом мегуяд, бар тибқи реҷа солона дар умум 163 ҳазор куб тавассути Фарғона ҷорӣ шавад, аммо ҳоло чунин нест, балки аз ҷараёни ҷоришавии об маълум, ки ин рақам як баробар поён шудааст.Бино ба гуфти ӯ, аз ҳисоби камшавии ҳаҷми об ҳоло онҳо ва масъулони идораҳои об дар вилоятҳои кишвари Ӯзбекистон тавассути обгардон обёрии киштзорҳоро ба роҳ мондаанд.Дар ҳамин ҳол шуморе аз зардолупарварон аз шаҳри Конибодом мегуянд, ки мушкили камбуди об сабаби хушку беранг шудани ҳосили зардолу гардидааст.Юсуф Ахмедов, як сокини ҷамоати Равоти шаҳри Конибодом дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз ҳисоби саривақт нарасидани об, ҳосили дарахтони зардолу напухта хушк шудааст.Ин ҳамсуҳбати мо мегуянд, чунин вазъ ба сифати ҳосил таъсири амиқи манфӣ мерасонад.Коршиносони умури кишоварзӣ чунин вазъро паёмадҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мекунанд.Рустам Каримзода, директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд мегуяд, бо вуҷуди фарорасии фасли тобистон ҳамоно ҳарорат дар баъзе аз минтақаҳои Осиёи Миёна чандон гарм нест ва ҷараёни обшавии пиряхҳо ҳам дуруст мушоҳида намешавад.“Пештар гармсели тобистонӣ гуфта мардумони аксар навоҳии худро ба саҳро мезаданд. Ҳоло баръакс шароити саҳро сард гуфта аз хона берун намебароянд. Чунин ҳолат дигаргуншавии боду ҳаво аст, ки ба кору зиндагии кишоварзон таъсир расонидааст”, таъкид меварзад, коршинос.Ӯ, қайд мекунад, ки беш аз 30 сол боз дар ин соҳа кор мекунад ва имсол бори аввал чунин тағйироти шадиди иқлимро мушоҳида кардааст, ки дар ниҳоят ба садҳо га майдони зироат боғи зардолу, ки дар қаламрави водии Фарғона парвариш мешаванд асаровар будааст.
https://sputnik.tj/20230619/husnullin-rusiyavu-tojikiston-intiqol-mustaqim-kishovarzi-1057787059.html
https://sputnik.tj/20230616/parlumon-tatbiqi-loihai-kishovarzi-tasdiq-kard-1057743235.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057201662_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_5ad3fddf77c5c531e8644a85c5825df9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, зардолу, кишоварзӣ, хушк, осиёи марказӣ, дарахт, кишт, тағйирёбии иқлим
тоҷикистон, зардолу, кишоварзӣ, хушк, осиёи марказӣ, дарахт, кишт, тағйирёбии иқлим
Зардолу напухта хушк шуд: Таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзии Осиёи Миёна
Эксклюзив
Аз мушкили камбуди об даҳҳо гектар киштзорҳо дар водии Фарғона ташналаб монда ва ҳосили дарахтон напухта хушк шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Чунин вазъи номусид қариб дар аксар минтақаҳои наздимарзии кишварҳои Осиёи Миёна ва аз ҷумла водии Фарғона баръало мушоҳида мешавад.
Шукурҷон Нематов, муовини сардори Идораи обёрии замин дар шаҳри Конибодом дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкили кам шудани ҳаҷми об дар канали бузурги Фарғона иброз намуд.
Ӯ гуфт, ҳоло ҷоришавии об ба киштзорҳои шаҳри Конибодом тавассути ин канал то 5 – 6 куб литр кам шудааст. Дар ҳоле, ки солҳои қаблӣ дар ҳамин шабурӯз тибқи реҷаи тақсимот то 12 куб об ҷорӣ мешуд.
“Мувофиқи лимити тақсимоти об барои моҳи май 9 ҳазор куб ва барои моҳҳои июн ва июл то 12 – 13 ҳазор куб литр об тавассути канали Фарғона ба ҷониби мо ҷорӣ шавад, аммо ҳоло чунин нест балки нисбат ба соли гузашта як баробар об кам аз меъёри тақсимот аст” – зикр намуд, муовини Идораи об.
Канали бузурги Фарғона соли 1939 сохта шудааст. Ин наҳр байнулмиллалӣ буда, барои обёрии заминҳои шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва киштзорҳои вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангони Ӯзбекистон бунёд шудааст. Ғунҷоиши об дар он ба 15 куб баробар аст, ки тибқи реҷаи тақсимоти он сурат мегирад.
Сарчашмаи оби канали Фарғона дарёи Норин аст ва дар навбати худ ин дарё аз обанбори Токтакули Қирғизистон сарчашма мегирад.
Муовини сардори Идораи об дар шаҳри Конибодом мегуяд, бар тибқи реҷа солона дар умум 163 ҳазор куб тавассути Фарғона ҷорӣ шавад, аммо ҳоло чунин нест, балки аз ҷараёни ҷоришавии об маълум, ки ин рақам як баробар поён шудааст.
Бино ба гуфти ӯ, аз ҳисоби камшавии ҳаҷми об ҳоло онҳо ва масъулони идораҳои об дар вилоятҳои кишвари Ӯзбекистон тавассути обгардон обёрии киштзорҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар ҳамин ҳол шуморе аз зардолупарварон аз шаҳри Конибодом мегуянд, ки мушкили камбуди об сабаби хушку беранг шудани ҳосили зардолу гардидааст.
Юсуф Ахмедов, як сокини ҷамоати Равоти шаҳри Конибодом дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аз ҳисоби саривақт нарасидани об, ҳосили дарахтони зардолу напухта хушк шудааст.
“Имсол ҳосили зардолу хуб буд, аз сардиҳои аввали баҳорӣ бегазнд баромаданд, аммо аз сабаби беобӣ дуруст зард нашуда дар танаи дарахтон хушк шуданд” - изҳор намуд, боғпарвар.
Ин ҳамсуҳбати мо мегуянд, чунин вазъ ба сифати ҳосил таъсири амиқи манфӣ мерасонад.
Коршиносони умури кишоварзӣ чунин вазъро паёмадҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мекунанд.
Рустам Каримзода, директори филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилояти Суғд мегуяд, бо вуҷуди фарорасии фасли тобистон ҳамоно ҳарорат дар баъзе аз минтақаҳои Осиёи Миёна чандон гарм нест ва ҷараёни обшавии пиряхҳо ҳам дуруст мушоҳида намешавад.
“Пештар гармсели тобистонӣ гуфта мардумони аксар навоҳии худро ба саҳро мезаданд. Ҳоло баръакс шароити саҳро сард гуфта аз хона берун намебароянд. Чунин ҳолат дигаргуншавии боду ҳаво аст, ки ба кору зиндагии кишоварзон таъсир расонидааст”, таъкид меварзад, коршинос.
Ӯ, қайд мекунад, ки беш аз 30 сол боз дар ин соҳа кор мекунад ва имсол бори аввал чунин тағйироти шадиди иқлимро мушоҳида кардааст, ки дар ниҳоят ба садҳо га майдони зироат боғи зардолу, ки дар қаламрави водии Фарғона парвариш мешаванд асаровар будааст.