https://sputnik.tj/20230616/parlumon-tatbiqi-loihai-kishovarzi-tasdiq-kard-1057743235.html
Парлумон татбиқи лоиҳаи нави кишоварзӣ ба маблағи 100 млн. долларро тасдиқ кард
Парлумон татбиқи лоиҳаи нави кишоварзӣ ба маблағи 100 млн. долларро тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи нави кишоварзӣ барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
2023-06-16T12:45+0500
2023-06-16T12:45+0500
2023-06-16T12:45+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
смм
вазорати кишоварзӣ
лоиҳа
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048174967_0:14:2917:1655_1920x0_80_0_0_95cb9c31380d1c23bf2aff8470a48d09.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна Дина Салеҳ ва Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Роберто Лонго мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар дод.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳа табодули афкор намуданд.Ҳмзамон дар мулоқот дар бораи рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон маълумот дода шуда, вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаи "Дастгирии кишоварзӣ" изҳори назар карда шуд.Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки Лоиҳаи татбиқшаванда барои беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи он дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.Таъкид шудааст, ки лоиҳаи "Дастгирии кишоварзӣ" дар заминаи ҷомеа ҳоло бомуваффақият амалӣ мешавад ва чанде қабл Лоиҳаи нави он дар заминаи ҷомеа барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ гардида, маблағи умумии он 100 млн. долларро ташкил медиҳад.Зикр гардидааст, ки дар татбиқи босамари Лоиҳа ба сифати шарикони ҳамкор Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҷалб гардидаанд.
https://sputnik.tj/20230607/khatlon-zaminhoi-navro-ba-gardishi-kishovarzi-darovard-1057596106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048174967_178:0:2385:1655_1920x0_80_0_0_3b604dddf7de0b3fa3f5aa5076ed8642.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кишоварзӣ, вазорат, парлумон, тасдиқ, лоиҳа, вазорати кишоварзӣ
тоҷикистон, кишоварзӣ, вазорат, парлумон, тасдиқ, лоиҳа, вазорати кишоварзӣ
Парлумон татбиқи лоиҳаи нави кишоварзӣ ба маблағи 100 млн. долларро тасдиқ кард
Лоиҳаи нави кишоварзӣ барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Директори минтақавии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Миёна Дина Салеҳ ва Директори кишварии Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Роберто Лонго мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои соҳа табодули афкор намуданд.
Ҳмзамон дар мулоқот дар бораи рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон маълумот дода шуда, вобаста ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаи "Дастгирии кишоварзӣ" изҳори назар карда шуд.
Дар ин мулоқот таъкид гардид, ки Лоиҳаи татбиқшаванда барои беҳтар намудани соҳаи кишоварзӣ ва рушди минбаъдаи он дар Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Таъкид шудааст, ки лоиҳаи "Дастгирии кишоварзӣ" дар заминаи ҷомеа ҳоло бомуваффақият амалӣ мешавад ва чанде қабл Лоиҳаи нави он дар заминаи ҷомеа барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тасдиқ гардида, маблағи умумии он 100 млн. долларро ташкил медиҳад.
Зикр гардидааст, ки дар татбиқи босамари Лоиҳа ба сифати шарикони ҳамкор Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҷалб гардидаанд.