Шӯрои уламо санаи дақиқи Иди Қурбонро эълон кард

© SputnikДжума-намаз в новой мечете в Душанбе
Джума-намаз в новой мечете в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2023
Обуна шудан
Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2023 ба 28 июн рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
"Вақти баргузории намози Иди қурбон дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқа доир мешавад",- гуфтанд аз ин ниҳод.
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Дар Тоҷикистон санаи пешакии Иди Қурбон маълум шуд
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи корӣ рост омад. Тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзҳои 28 июн дар кишвар рӯзи ғайрикорӣ ҳисобида мешаванд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0