Дар Тоҷикистон санаи пешакии Иди Қурбон маълум шуд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Иди Қурбон - яке аз ду иди мусалмонон аст, ки бар асоси тақвими исломӣ ҳар сол пас аз 70 рӯзи иди Рамазон рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон санаи муқаддамотии Иди Қурбон эълон шудааст.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон аз Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ хабар доданд, имсол ин ид 28 июн таҷлил мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи равон ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор мешавад, ки дар он рӯзи дақиқи таҷлили Иди Қурбон муайян хоҳад шуд.
Дар назар аст, ки соли ҷорӣ намози ид нахустин маротиба дар масҷиди бузурги пойтахт, ки ба қарибӣ боз шуд, баргузор шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2022 он ба 9 июл рост омада буд.
Одатан тасмим дар бораи санаи дақиқ дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гирифта мешавад.
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Маълум шуд, тоҷикистониён дар Ҷашни ваҳдат ва Иди қурбон чанд рӯз истироҳат мекунанд
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Тибқи анъана, ҳар мусалмон бо риояи қоидаҳои муайян, бояд як қӯчқор ё говро қурбонӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0