https://sputnik.tj/20230620/vukh-rusiya-masala-panohjuyon-suriyagi-1057821239.html
ВУХ Русия роҳи ҳалли масъалаи паноҳҷӯёни суриягиро нишон дод
ВУХ Русия роҳи ҳалли масъалаи паноҳҷӯёни суриягиро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, масъалаи Сурияро бо ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо талошҳои муштарак ҳал кардан лозим аст на ба дигар роҳу восита
2023-06-20T20:12+0500
2023-06-20T20:12+0500
2023-06-20T20:12+0500
сурия
русия
паноҳҷӯён
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_33be344f0536dc86b3b07520adcdff82.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Барои ҳалли мушкили гурезаҳои сурӣ бояд иқтисоди кишварро барқарор кард ва ҳамчунин ҳузури террористонро аз байн бурд. Дар ин бора, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин бояд бо талошҳои муштарак ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом шавад. Дар робита ба ин, ӯ ба пуштибонии кишварҳои арабӣ, ки Сурия бо онҳо дар раванди ба эътидол овардани равобит аст, изҳори умедворӣ кард. 104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шудРӯзҳои 20-21-уми июн дар Остона даври бистуми музокирот оид ба ҳалли низои Сурия ҷараён дорад ва дар рӯзномаи он ҳамчунин баррасии масоили ба эътидол овардани равобити Туркия ва Сурия низ аст.Ёдовар мешавем, ки ахиран бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, ба Ватан баргардонида шуданд.Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.
сурия
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/04/1048176248_212:0:2943:2048_1920x0_80_0_0_2cdaeac41eed939ba441705d6c998e87.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳҳои ҳалл, масъалаи паноҳҷӯён, русия
роҳҳои ҳалл, масъалаи паноҳҷӯён, русия
ВУХ Русия роҳи ҳалли масъалаи паноҳҷӯёни суриягиро нишон дод
Муовини вазири хориҷаи Русия гуфт, масъалаи Сурияро бо ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо талошҳои муштарак ҳал кардан лозим аст на ба дигар роҳу восита
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Барои ҳалли мушкили гурезаҳои сурӣ бояд иқтисоди кишварро барқарор кард ва ҳамчунин ҳузури террористонро аз байн бурд.
Дар ин бора, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Богданов изҳор дошт.
"Ин масъала на танҳо аз байн бурдани ҳузури террористон, ба эътидол овардани вазъи амниятӣ, балки масъалаҳои иқтисодӣ - барқарорсозии иқтисод ва инфрасохтор, шаҳру деҳотро низ тақозо мекунад", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҳамаи ин бояд бо талошҳои муштарак ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ анҷом шавад.
Дар робита ба ин, ӯ ба пуштибонии кишварҳои арабӣ, ки Сурия бо онҳо дар раванди ба эътидол овардани равобит аст, изҳори умедворӣ кард.
Рӯзҳои 20-21-уми июн дар Остона даври бистуми музокирот оид ба ҳалли низои Сурия ҷараён дорад ва дар рӯзномаи он ҳамчунин баррасии масоили ба эътидол овардани равобити Туркия ва Сурия низ аст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.