https://sputnik.tj/20230521/shahrvandon-tojikiston-suriya-vatan-bargardonida-1057277413.html
104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони кишвар тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
2023-05-21T20:43+0500
2023-05-21T20:43+0500
2023-05-21T20:44+0500
дар тоҷикистон
вух-и тоҷикистон
сурия
шаҳрвандон
баргардонидан
фурудгоҳ
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/15/1057277065_0:234:3072:1962_1920x0_80_0_0_12395361bcbe0ed16954621181d475b3.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, ба Ватан баргардонида шуданд.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони кишвар аз Сурия тавассути ҳавопаймои махсус ба Ватан баргардонида шуданд.Манбаъ таъкид кард, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нафарони ба Ватан баргардонида шударо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки бо дархости ҷониби Қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта аз ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омада буд.“Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд”, - таъкид доштааст вазорати умури хориҷа.Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт он замон дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".Қабла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.
https://sputnik.tj/20230521/suriya-tojikiston-zanon-navrason-tiflon-bargardonida-1057267620.html
сурия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/15/1057277065_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_c7017773817c5692f98acf5537407bf9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сурия, бозгашт, шаҳрвандон, баргардонида шуданд, ватан, вазорати хориҷа
тоҷикистон, сурия, бозгашт, шаҳрвандон, баргардонида шуданд, ватан, вазорати хориҷа
104 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
20:43 21.05.2023 (Навсозишуда: 20:44 21.05.2023) Эксклюзив
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, шаҳрвандони кишвар тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 майи соли 2023 гурӯҳи дуюми шаҳрвандони Тоҷикистон ба теъдоди 104 нафар (29 оила), ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат мебошанд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони кишвар аз Сурия тавассути ҳавопаймои махсус ба Ватан баргардонида шуданд.
Манбаъ таъкид кард, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе нафарони ба Ватан баргардонида шударо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки бо дархости ҷониби Қазоқистонӣ, ҳамчунин панҷ шаҳрванди ин кишвар (як зан ва чор фарзанди ӯ) низ аз Сурия бароварда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли гузашта аз ҳавопаймо бо 146 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе фуруд омада буд.
“Аз ин теъдод 42 нафар занон ва 104 нафар кӯдакон мебошанд”, - таъкид доштааст вазорати умури хориҷа.
Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт он замон дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.
Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".
Қабла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки зиёда аз 400 нафар шаҳрвандони кишвар, асосан занону кӯдакон, аз Сурия ва Ироқ баргардонда шуданд.