Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Русия ҳамалоти нави Украинаро дар Запороже рафъ кард

© Sputnik / Dmitry Makeev / Гузариш ба медиабонк240-мм миномет артиллерии Резерва Верховного Главнокомандования 2С4 "Тюльпан"
240-мм миномет артиллерии Резерва Верховного Главнокомандования 2С4 Тюльпан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Нерӯҳои Украина дар минтақаи деҳаи Работино чанд ҳамлаи нав анҷом доданд, вале ҳамаашон дафъ карда шуданд, гуфт раиси ҷунбиши ҷамъиятии “Мо бо Русия”
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Артиши Русия ҳамлаҳои нави нерӯҳои украиниро дар самти Ореховский дар вилояти Запороже дафъ кард, гуфт Владимир Рогов, раиси ҷунбиши ҷамъиятии маҳаллии “Мо бо Русия” ба хабаргузории "РИА Новости".
"Душман дар самти Ореховский дар минтақаи деҳаи Работино чанд ҳамлаи нав анҷом дод. Ҳамаашон зада гардонда шуданд. Шумораи зиёди ҷангҷӯён нобуд карда шуданд", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Рогов, шиддати амалиёти ҷанг дар Запороже паст намешавад.
Пештар Вазорати дифои Русия хабар дод, ки дар наздикии деҳаи Малая Токмачка, воқеъ дар наздикии Работино, низомиёни Русия ду ҳамлаи душманро дафъ намуда, ду тонк, даҳ мошини ҷангии пиёдагард ва ду мошини зиреҳпӯши ҷангиро аз байн бурданд.
Баъдан вазорат видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна як ҳавопаймои бесарнишин - камикадзе ба як тонки немиси Leopard-2A6 дар самти Запороже бархӯрдааст.
Ҳамлаи Украина дар самтҳои Южнодонетск, Запороже, Артемивск 4 июн оғоз шуд, дар ҳоле, ки ҳамлаи асосии нерӯҳои Украина дар бахши Запороже мутамарказ шуда буд.
Работа артиллеристов на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина танҳо дар ду ҷабҳа дар як шабонарӯз 800 сарбозашро аз даст дод
Киев ҷангиёнеро, ки мутахассисони НАТО таълим дода буданд ва бо техникам Ғарб мусаллаҳ буданд, ба набард оварда буд. Фикри ҳамла, ба гуфтаи фармондеҳи артиши 58-уми қувваҳои Русия, генерал-майор Иван Попов, рахна кардани мудофиаи Русия ва нерӯҳои украинӣ барои расидан ба баҳри Азоваст.
Илова бар ин, Киев қаблан борҳо ҳадафи ҳамларо вуруд ба Қрим номида буд.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 13-уми июн дар мулоқот бо фармондеҳони низомӣ гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни ҳамла талафоти зиёд доранд ва дар ҳеҷ самт муваффақ нестанд.
Ба гуфтаи ӯ, Украина аллакай 160 танк ва 360 зиреҳпӯшро аз даст додааст.
Ҳавопаймоҳои Русия дар самти Краснолиманск ба мавқеъҳои Украина зарба заданд
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз демилитаризатсия ва нозизудоии Украина иборатанд.
Кишварҳои ғарбӣ қасд доранд, ки барои ноором кардани вазъ дар минтақа ба Киев силоҳу муҳиммот интиқол диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0