https://sputnik.tj/20230620/qurb-rubl-tojikiston-pointarin-sath-sol-1057805690.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон ба поинтарин сатҳ дар соли ҷорӣ расид
Қурби рубл дар Тоҷикистон ба поинтарин сатҳ дар соли ҷорӣ расид
Sputnik Тоҷикистон
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро аз даст медиҳад, аммо евро бошад тадриҷан гаронтар мешавад
2023-06-20T11:22+0500
2023-06-20T11:22+0500
2023-06-20T11:22+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1b63c9980e3d2881fc52434804529c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло арзи русӣ ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ мерасад.БМТ барои имрӯз 20 июн 1000 рублро 129,5 сомонӣ мқаррар кардааст, ки нисбат ба як рӯзи қаблӣ боз 0,5 сомонӣ поин рафтааст.Асъори русӣ сар аз аввали сол бо тағйироти наонқадар чашмрас дар як ҳадди миёни қарор дошт, аммо шурӯъ аз баҳор ва ҳамакнун тобистон поин меравад.Асъори аврупоӣ бошад бо доллари амрикоӣ дар як хатти мобайнӣ, бо каме болоравӣ ва ё гоҳе коҳиш ҳаракат доранд.Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.9134 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як доллар ба 10.9132 сомонӣ баробар буд.Дар ҳамин ҳол пули аврупоӣ каме боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.9229 сомонӣ медиҳанд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9130 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.7598 то 12.0500 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0. 130 то 0.133 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230526/medvedev-etimod-jahoniyon-dollar-kosta-1057379969.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102963/00/1029630086_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_dd819a7e26a1e69b7e3255148f50e495.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб рубл тоҷикистон коҳиш
қурб рубл тоҷикистон коҳиш
Қурби рубл дар Тоҷикистон ба поинтарин сатҳ дар соли ҷорӣ расид
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро аз даст медиҳад, аммо евро бошад тадриҷан гаронтар мешавад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло арзи русӣ ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ мерасад.
БМТ барои имрӯз 20 июн 1000 рублро 129,5 сомонӣ мқаррар кардааст, ки нисбат ба як рӯзи қаблӣ боз 0,5 сомонӣ поин рафтааст.
Асъори русӣ сар аз аввали сол бо тағйироти наонқадар чашмрас дар як ҳадди миёни қарор дошт, аммо шурӯъ аз баҳор ва ҳамакнун тобистон поин меравад.
Асъори аврупоӣ бошад бо доллари амрикоӣ дар як хатти мобайнӣ, бо каме болоравӣ ва ё гоҳе коҳиш ҳаракат доранд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.9134 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як доллар ба 10.9132 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол пули аврупоӣ каме боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.9229 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9130 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.7598 то 12.0500 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0. 130 то 0.133 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.