https://sputnik.tj/20230620/emomali-rahmon-ba-khatlon-raft-charo-1057800147.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт: Чаро?
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадафи сафари кишвардор ба минтақа шиносоӣ ба вазъи зиндагии мардум ва ба истифода додани биноҳои навсохт арзёбӣ карда мешавад
2023-06-20T09:40+0500
2023-06-20T09:40+0500
2023-06-20T09:41+0500
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/14/1042367454_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_d83b0350b0ae151e4b6cf7192ef2d4e7.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.Президент боздидаш аз минтақаро нахуст аз ноҳияи Ховалинг оғоз кард, хабар медиҳад, дафтари матбуоти вай.Ӯ нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор додааст, ки гуфта мешавад, хуштарҳу замонавӣ сохта шуда, аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.Дар идома президент бинои Маркази ташхисию табобатӣ дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор додааст.Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносиии Ховалинг аз маконҳои дигарест, ки имрӯз ифтитоҳ шуд.Он аз ду ошёна иборат буда, дар он шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.Ҳамзамон коргоҳҳои мевахушккунӣ ва қаннодиии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг”-ро Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан карданд.Коргоҳи навтаъсис имконият дорад, ки тамоми намуди мевагиро коркарду хушк намуда, дар доираи талаботи байналмилалӣ басту банд намояд. Маҳсулоти ниҳоии он бо тамғаи “Меваҳои Ховалинг” омода гашта, ба бозорҳо пешниҳод карда мешавад.Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯз корхонаи мазкур қудрат дорад, ки то 4 тонна маҳсулотро коркард ва барои фурӯш омода созад.
https://sputnik.tj/20230527/emomali-rahmon-safar-khatlon-1057397659.html
https://sputnik.tj/20230524/rahmon-khostor-tashkil-beshtari-garmkhona-1057322783.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/14/1042367454_132:0:2863:2048_1920x0_80_0_0_8841b772ed8fd95338f8d9a5ce4b0e1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон хатлон сафар
эмомалӣ раҳмон хатлон сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон рафт: Чаро?
09:40 20.06.2023 (Навсозишуда: 09:41 20.06.2023) Ҳадафи сафари кишвардор ба минтақа шиносоӣ ба вазъи зиндагии мардум ва ба истифода додани биноҳои навсохт арзёбӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Президент боздидаш аз минтақаро нахуст аз ноҳияи Ховалинг оғоз кард, хабар медиҳад, дафтари матбуоти вай.
Ӯ нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор додааст, ки гуфта мешавад, хуштарҳу замонавӣ сохта шуда, аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.
Дар идома президент бинои Маркази ташхисию табобатӣ дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор додааст.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.
Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносиии Ховалинг аз маконҳои дигарест, ки имрӯз ифтитоҳ шуд.
Он аз ду ошёна иборат буда, дар он шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.
Ҳамзамон коргоҳҳои мевахушккунӣ ва қаннодиии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг”-ро Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан карданд.
Коргоҳи навтаъсис имконият дорад, ки тамоми намуди мевагиро коркарду хушк намуда, дар доираи талаботи байналмилалӣ басту банд намояд. Маҳсулоти ниҳоии он бо тамғаи “Меваҳои Ховалинг” омода гашта, ба бозорҳо пешниҳод карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯз корхонаи мазкур қудрат дорад, ки то 4 тонна маҳсулотро коркард ва барои фурӯш омода созад.