Паҳлавонони тоҷик дар Бишкек се медал ба даст оварданд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВольная и греко-римская борьба.
Вольная и греко-римская борьба.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Дар маҷмааи варзишӣ-фароғатии шаҳри Бишкек Чемпионати Осиё оид ба куштӣ миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд. Дар он писарон ва ҳам духтарон иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба куштӣ миёни наврасону ҷавонон се медал ба даст овард.
Ҳамин тариқ, варзишгар Фирӯз Мирзораҷабов дар куштии юнониву румӣ дар вазни 63 кг медали биринҷӣ гирифт.
Тавре ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз Федератсияи куштии озоди ҷумҳурӣ хабар дод, Мирзораҷабов дар даври 1-ум бар рақибаш аз Ветнам пирӯз шуд, дар даври 2-юм аз намояндаи Қазоқистон шикаст хӯрд, вале баъдан бар варзишгари Арабистони Саудӣ ғолиб омада бо ду бурд ва як бохт ба марҳалаи нимфинал расид.
Паҳлавони дигари тоҷик Мустафо Аҳмадов бошад, дар навбати худ дар вазни то 70 кило се рақибашро шикаст дода, бар яке бохт ва медали нуқра гирифт.
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Сомон дар "Grand Slam" Қазоқистон медали тило гирифт
Узви дигари мунтахаби Тоҷикистон, легионери Доғистон Абдулмаҷид Қудиев дар вазни то то 65 кг миёни то 23-солаҳо медали тило гирифт.
Ёдовар мешавем, ки аз 10-ум то 18-уми июн дар шаҳри Бишкек Чемпионати Осиё оид ба куштӣ миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд.
Ҷои аввал дар ҳисоби медалҳо насиби Қазоқистон шуд.
Мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишию фароғатии "Бишкек-Арена" баргузор шуданд.
Дар он аввалин шуда варзишкорони юнонию румӣ, баъдан духтарон ва куштитигирони тарзи озод вориди татами шуданд.
Лентаи хабарҳо
0