Сомон дар "Grand Slam" Қазоқистон медали тило гирифт

© International Judo FederationТаджикский спортсмен Сомон Махмадбеков
Таджикский спортсмен Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Обуна шудан
Ҷудокори маъруфи тоҷик то расидан ба нишони тило варзишгарони Озарбойҷон, Гурҷистон, Бразилия ва як ҷудокори бетарафро мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми Гран Слами Қазоқистон нишони тило ба гардан овехт.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Сомон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев ғолиб омад.
Сипас дар чорякфинал бар варзишгари Озарбойҷон Зелим Тскаев, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гошилаидзе ва дар финал варзишгари Бразил Гуилҳерме Шмидтро мағлуб намуда, мақоми авввал гирифт.
Мусобиқаи ҷудо барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Иштироки шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи “Russian judo tоur Челябинск-2023”
Ин нахустинмедали тило аз мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад Қаблан ду ҷудокори тоҷик дар ин мусобиқа медали биринҷӣ гирифтанд.
Ёдрас мешавем, дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0