https://sputnik.tj/20230425/habs-podkolkovnik-sarbozon-vorukh-videoi-1056684652.html
Ҳабси подполковник ва сарбозон дар Ворух баъди видеои латукӯби ҳамхидматон
Ҳабси подполковник ва сарбозон дар Ворух баъди видеои латукӯби ҳамхидматон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаи латукӯби сарбозони тоҷик аз ҷониби ҳамхидматҳояшон, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дар минтақаи марзии Ворух рух додаст
2023-04-25T19:35+0500
2023-04-25T19:35+0500
2023-04-25T19:48+0500
дар тоҷикистон
мубориза
қатъ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031569220_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_bdc65fd61b32313d87d075bea4ee8b3e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар пайи нашри навори латукӯби сарбозон аз ҷониби ҳамхидматҳояшон, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодисаи латукӯб дар қисми ҳарбии 0215-и мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, 15 декабри соли 2022 рух додааст ва навори он ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Баъди дастраси омма шудани ин видео, нисбати подполковнике, ки сардори комендатураи рақами якуми "Ворух" будаст, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст. Вай бар асоси модаи 391-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон сӯиистифода аз ҳокимият ва ё бефаъолиятӣ айбдор мешавад. Мақомоти додситонӣ мегӯянд, сарбозоне, ки дар латукӯби ҳамхидматони худ даст доштаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд. Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон маъракаи даъвати наваскарон идома дорад, ки моҳҳои апрел ва май идома хоҳад кард. Яке аз омилҳое, ки боиси гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, маҳз ҷой доштани ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ гуфта мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон эълон медоранд, ки бо чунин зуҳуроти номатлуб қотеъона мубориза мебаранд.
https://sputnik.tj/20230403/danghara-naqsha-davat-navaskaron-ijro-1055932970.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/0e/1031569220_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_b5922e8f21fb51746c1e24fbb7c18de6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сардор, комендатура, ҳабс, ворух, латукӯб
сардор, комендатура, ҳабс, ворух, латукӯб
Ҳабси подполковник ва сарбозон дар Ворух баъди видеои латукӯби ҳамхидматон
19:35 25.04.2023 (Навсозишуда: 19:48 25.04.2023) Ҳодисаи латукӯби сарбозони тоҷик аз ҷониби ҳамхидматҳояшон, ки навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, дар минтақаи марзии Ворух рух додаст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар пайи нашри навори латукӯби сарбозон аз ҷониби ҳамхидматҳояшон, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шудааст.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодисаи латукӯб дар қисми ҳарбии 0215-и мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, 15 декабри соли 2022 рух додааст ва навори он ахиран ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Баъди дастраси омма шудани ин видео, нисбати подполковнике, ки сардори комендатураи рақами якуми "Ворух" будаст, парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Вай бар асоси модаи 391-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон сӯиистифода аз ҳокимият ва ё бефаъолиятӣ айбдор мешавад.
Мақомоти додситонӣ мегӯянд, сарбозоне, ки дар латукӯби ҳамхидматони худ даст доштаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон маъракаи даъвати наваскарон идома дорад, ки моҳҳои апрел ва май идома хоҳад кард.
Яке аз омилҳое, ки боиси гурези ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, маҳз ҷой доштани ҳолатҳои муносибатҳои ғайриоинномавӣ гуфта мешаванд.
Мақомоти Тоҷикистон эълон медоранд, ки бо чунин зуҳуроти номатлуб қотеъона мубориза мебаранд.