Дар Маскав Муҳриддин ва Лавров санади нави ҳамкорӣ имзо карданд - Видео

Обуна шудан
Маросими имзои созишномаҳо байни Ҳукумати Русия ва Ҳукумати Тоҷикистон дар бино Вазорати умури хориҷӣ дар шаҳри Маскав сурат гирифт
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари кориаш ба пойтахти Русия се санади нави ҳамкории нав ба имзо расонд.
Протоколи иловагии №1 ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия оид ба шароити ҷойгиршавӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар Русия ва Русия дар Тоҷикистон.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ.
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқ ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсадҳои осоишта.
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ намуданд.
Имзои се санади нави ҳамкорӣ бо Русия: Муҳриддин ва Лавров дар бораи чӣ созиш карданд?
Тарафҳо ба рафти иҷрои тавофуқоти сарони давлатҳо дар бораи ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса доданд.
Ҳамзамон вазирон аз анҷоми раванди музокироти тӯлонӣ дар бораи ба сабти ҳуқуқии амволи ғайриманқули дипломатии ду кишвар, ки ба фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сафоратҳо ва консулгариҳои генералии Тоҷикистону Русия хидмат хоҳад кард, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Лентаи хабарҳо
0