Дар вилояти Хатлон муҳоҷирони ғайриқонуниро муайян мекунанд

© Foto / Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣАмалиёти "Нелегал — 2023" дар вилояти Хатлон
Амалиёти Нелегал — 2023 дар вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Мақсад аз гузаронидани амалиёт, санҷиши тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон амалиёти "Нелегал — 2023" оғоз шуд, хабар медиҳад Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилоят.
Ба иттилои манбаъ, амалиёт бо ҷалби қувва ва ҳайати шахсии сохторҳои масъули раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки амалиёти мазкур дар ду марҳила аз 19 то 25 июни соли 2023 бо номи "Нелегал-Трафик" ва аз 2 то 8 октябри соли 2023 бо номи "Нелегал-Кордон" гузаронида мешавад.
Мақсад аз баргузории амалиёт санҷиши тартиби риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад.
Мақомот муҳоҷирони ғайриқонуниро дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншоот мнсанҷанд.
© Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣАмалиёти "Нелегал — 2023" дар вилояти Хатлон
Амалиёти Нелегал — 2023 дар вилояти Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Амалиёти "Нелегал — 2023" дар вилояти Хатлон
Ҳамчунин ҳадаф ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Тоҷикистон будубош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.
Феълан амалиёти "Нелегал-2023" айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.
"Рейд" алайҳи ҳузури ғайриқонунии хориҷиҳо дар Тоҷикистон
ВУД таъкид намудаст, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои муҳоҷирати ҷаҳонӣ шомил гаштаву ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳифз карда мешаванд.
Дар баробари ин муҳим хонда шудаст, ки шаҳрвандони хориҷӣ талаботи қонуну қоидаҳои давлати қабулкунандаро риоя кунанд, чун ҳар кишвар барои қабул, сабт назорат ва баҳисобгирӣ, раванди фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тартибу низоми худро дорад.
Ёдрас мешавем, ки чунин "рейдҳо" ҳамасола ба хотири пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар кишвар гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0