https://sputnik.tj/20221012/reyd-huzuri-ghayriqonuni-khorijiho-tojikiston-1052067330.html
"Рейд" алайҳи ҳузури ғайриқонунии хориҷиҳо дар Тоҷикистон
"Рейд" алайҳи ҳузури ғайриқонунии хориҷиҳо дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Маъмурини мақомоти умури дохилии Тоҷикистон қонунӣ будани ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишварро мавриди санҷиш қарор медиҳанд
2022-10-12T11:00+0500
2022-10-12T11:00+0500
2022-10-12T11:00+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
санҷиш
вуд
қонун
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/07/1032038117_0:6:1001:569_1920x0_80_0_0_99f42f1bd1660240bd50eccb43e7261c.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон амалиёт таҳти унвони "Нелегал-2022" роҳандозӣ гардидаст, ки то 17 октябри соли равон идома хоҳад кард. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин чорабинӣ дар Хатлон мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии СААД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронда мешавад. "Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳамасола дар давлатҳои узви Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар чанд марҳила амалиётҳои муштараки "Нелегал" гузаронида мешаванд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки дар ин робита фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қабул шуда, амалиёт дар 2 марҳила гузаронда мешавад. Зикр гардидаст, ки феълан марҳилаи дуюми амалиёт бо номи "Нелегал-Кордон" роҳандозӣ гардидаст. ВУД таъкид намудаст, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои муҳоҷирати ҷаҳонӣ шомил гаштаву ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳифз карда мешаванд.Дар баробари ин муҳим хонда шудаст, ки шаҳрвандони хориҷӣ талаботи қонуну қоидаҳои давлати қабулкунандаро риоя кунанд, чун ҳар кишвар барои қабул, сабт назорат ва баҳисобгирӣ, раванди фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тартибу низоми худро дорад.
https://sputnik.tj/20220929/rusiya-nazorati-muhojirat-purzur-meshavad-1051770854.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/07/1032038117_0:0:1001:751_1920x0_80_0_0_4e9e9e878309cfc946abf3dc301137cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, рейд, ғайриқонунӣ, хатлон
амалиёт, рейд, ғайриқонунӣ, хатлон
"Рейд" алайҳи ҳузури ғайриқонунии хориҷиҳо дар Тоҷикистон
Маъмурини мақомоти умури дохилии Тоҷикистон қонунӣ будани ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишварро мавриди санҷиш қарор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон амалиёт таҳти унвони "Нелегал-2022" роҳандозӣ гардидаст, ки то 17 октябри соли равон идома хоҳад кард.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин чорабинӣ дар Хатлон мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии СААД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронда мешавад.
"Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳамасола дар давлатҳои узви Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар чанд марҳила амалиётҳои муштараки "Нелегал" гузаронида мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар ин робита фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон қабул шуда, амалиёт дар 2 марҳила гузаронда мешавад.
Зикр гардидаст, ки феълан марҳилаи дуюми амалиёт бо номи "Нелегал-Кордон" роҳандозӣ гардидаст.
ВУД таъкид намудаст, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои муҳоҷирати ҷаҳонӣ шомил гаштаву ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳифз карда мешаванд.
Дар баробари ин муҳим хонда шудаст, ки шаҳрвандони хориҷӣ талаботи қонуну қоидаҳои давлати қабулкунандаро риоя кунанд, чун ҳар кишвар барои қабул, сабт назорат ва баҳисобгирӣ, раванди фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тартибу низоми худро дорад.