Бохти мунтахаби Тоҷикистон аз Саудӣ дар Ҷоми Осиё-2023 ва умеди ФФТ: шонс дорем

© ФФТЮношеская сборная Таджикистана провела второй матч на Кубке Азии-2023 в Таиланде
Юношеская сборная Таджикистана провела второй матч на Кубке Азии-2023 в Таиланде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2023
Обуна шудан
Федератсияи футболи ҷумҳурӣ таъкид мекунад, ки сарфи назар аз мағлубият, даста ҳоло ҳам имкон дорад, ки ба даври чорякфинал барояд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Ҷоми Осиё-2023 дар Тайланд бозии дувумро анҷом дод.
Дар ин бора аз Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҷавонон дар даври дуввуми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар чаҳоргонаи “С” аз ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ шикаст хӯрданд.
Қайд карда мешавад, бозӣ бо ҳисоб 0:2 ба поён расид.
Бо вуҷуди ин, федератсия таъкид мекунад, ки сарфи назар аз мағлубият, даста барои пирӯзӣ ҳанӯз шонс дорад.
"Барои роҳ ёфтан ба чаҳорякниҳоӣ дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон лозим меояд, ки бар тими Австралия пирӯз шавад", - гуфт манбаъ.
Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия рӯзи 22 июн баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Таиланд ҷараён дорад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" бозӣ мекунад.
Кубок Азии - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Чин мусовӣ анҷом ёфт
Ду вохӯрии аввал дар марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чонбурӣ баргузор мешавад ва бозии даври ниҳоӣ аллакай дар Бангкок дар назар аст.
Аз рӯи натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0