Бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Чин мусовӣ анҷом ёфт

© ФФТКубок Азии - 2023
Кубок Азии - 2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2023
Обуна шудан
Нахустин бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври якуми Ҷоми Осиё - 2023 бо футболбозони Чин баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Дар Тайланд бозиҳои даври якуми Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола оғоз ёфт. Нахустин бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Чин баргузор шуд.
Ин рақобат дар варзишгоҳи "Чонбури" баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ягон голро ба дарвозаи ҳарифони тоҷик Масрур Ғафуров дар дқиқи 36 - ум зад.
Ҳмчунин Ван Юй Вей муаллифи ягона голи мунтахаби Чин бошад, ки дар дақиқаи 6- ум вориди дарвозаи футболбозони тоҷик шуд.
Мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳонконг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳонконг мусовӣ анҷомид
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон шомили гурӯҳи "С" мебошанд.
Инак бозии навбатии футболбозони тоҷикрӯзи 19 июн бо тими Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Ин даста дар бозии дигар бар муқобили Асвтралия бо ҳисоби 2:0 зафар ёфт. Ҳоло бо касби 3 имтиёз мунтахаби наврасони Арбистони Саудӣ садрнишин аст.
Лентаи хабарҳо
0