Табодули коло миёни Эрону Ӯзбекистон ба 1 миллиард доллар мерасад

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Обуна шудан
Раиси утоқи бозаргонии Эрон ахиран дар як нишасте дар бораи афзоиши мубодилоти тиҷории Эрон ва Узбакистон ба 1 миллиард доллар хабар дод
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Раиси утоқи бозаргонии Эрон Ғуломҳусейни Шофеъӣ дар ин нишаст гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳадафи аввалия рушди равобити тиҷори ва афзоиши тиҷорат бо Ӯзбекистон аз 400 млн. доллар тиҷорати кунунӣ расидан ба 1 миллиард доллар аст.
Бахши хусусии Эрон аз ҳузури сармоягузорони узбакӣ дар бахшҳои мухталифи нетф, газ, петрушимӣ, энергетикаи нав ва таҷдидпазир, тарҳҳои обрасони ва саноати неругоҳи ва қаторҳои тезрав, кишоварзӣ ва гардишгарӣ истиқбол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти олирутбаи Эрону Узбекистон ахиран дар ҳузури руасои ҷумҳури ду кишвар як баёнияи муштарак ва 10 санади ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталиф ба имзо расонданд.
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2023
Эрон: Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт
Тавофуқномаи тиҷорати тарҷеҳӣ, ҳамлу нақл ва транзит, ҳамкории доруӣ, барномаи ҳамкорӣ дар заминаҳои стандарт ва бима, баррасии имкони эҷоди манотиқи озоди муштарак, барномаи иҷрои ҳамкорӣ дар ҳавзаи фанноварӣ ва навоварӣ ва барномаи иҷрои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумлаи меҳварҳои асноди имзо шуда миёни мақомоти ду кишвар дар ҳузури Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон буд.
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон бино ба даъвати Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст.
Лентаи хабарҳо
0