https://sputnik.tj/20230613/eron-hamkoriho-bo-tojikiston-boz-ham-gustarish-khohand-yoft--1057686124.html
Эрон: Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт
Эрон: Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти амниятиии Эрон ахиран эълон кардааст, ки равобит бо кишвари дӯсти Тоҷикистон дар оянда боз ҳам тақвият дода мешавад
2023-06-13T14:27+0500
2023-06-13T14:27+0500
2023-06-13T19:35+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
тақвият
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Муовини амнияти интизомӣ Маҷиди Мираҳмадӣ бо ишора ба ҷузъиёти тафоҳумномаи ҳамкории амниятии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф густариш меёбад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.Ба гуфтаи оқои Маҷидӣ, Эрон ва Тоҷикистон дорои тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои амниятӣ ҳастанд ва аз якунимсол қабл ва аз замони истиқрори давлати сездаҳум ин тафоҳумномаро иҷроӣ ва амалётӣ кардем.Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ гуфт, ҷумҳурӣ дар ҷаласоти худ бо тарафи эронӣ барои муқобила бо иқдомоти террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ ҳамоҳангӣ ба даст овардем дар ин росто ҷаласоти хубе баргузор ва тавофуқоти хубе ҳам ҳосил шуд, бо вазири кишвар, муовини вазир ва мақомоти амниятии Эрон дидор доштем.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш миёни Тоҷикистону Эрон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд.Ҳамчунин дар баробари ин, миёни Минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилояти Хатлон ва корхонаву ширкатҳои Хуросони Разавӣ 9 созишнома дар бораи бунёди корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли таҷҳизоту мошинолот, доруворӣ, истеҳсоли дастгоҳҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, истеҳсоли сутунпояҳои чароғи барқӣ ба маблағи умумии 41 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.Қобили зикр аст, ки қаблан Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Эрон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20230521/sobiri-dar-borai-rohandozii-chahorumin-parvozi-mustaqim-bayni-eron-va-tojikiston-khabar-dod-1057262030.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, тақвият, густариш
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, тақвият, густариш
Эрон: Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт
14:27 13.06.2023 (Навсозишуда: 19:35 13.06.2023) Мақомоти амниятиии Эрон ахиран эълон кардааст, ки равобит бо кишвари дӯсти Тоҷикистон дар оянда боз ҳам тақвият дода мешавад
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Муовини амнияти интизомӣ Маҷиди Мираҳмадӣ бо ишора ба ҷузъиёти тафоҳумномаи ҳамкории амниятии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф густариш меёбад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Ба гуфтаи оқои Маҷидӣ, Эрон ва Тоҷикистон дорои тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои амниятӣ ҳастанд ва аз якунимсол қабл ва аз замони истиқрори давлати сездаҳум ин тафоҳумномаро иҷроӣ ва амалётӣ кардем.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ гуфт, ҷумҳурӣ дар ҷаласоти худ бо тарафи эронӣ барои муқобила бо иқдомоти террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ ҳамоҳангӣ ба даст овардем дар ин росто ҷаласоти хубе баргузор ва тавофуқоти хубе ҳам ҳосил шуд, бо вазири кишвар, муовини вазир ва мақомоти амниятии Эрон дидор доштем.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш миёни Тоҷикистону Эрон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Ҳамчунин дар баробари ин, миёни Минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилояти Хатлон ва корхонаву ширкатҳои Хуросони Разавӣ 9 созишнома дар бораи бунёди корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли таҷҳизоту мошинолот, доруворӣ, истеҳсоли дастгоҳҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, истеҳсоли сутунпояҳои чароғи барқӣ ба маблағи умумии 41 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки қаблан Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Эрон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.