https://sputnik.tj/20230619/hushdor-maqom-tolibho-tavteaho-amriko-besuboti-mintaqa-1057785391.html
Ҳушдори мақоми толибҳо дар бораи тавтеаҳои Амрико барои бесуботӣ дар минтақа
Ҳушдори мақоми толибҳо дар бораи тавтеаҳои Амрико барои бесуботӣ дар минтақа
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи расмии ҳукумати муваққати толибҳо дар нишасти ахираш дар хусуси тавтеаҳои Амрико барои суботи минтақа ҳушдор дод
2023-06-19T15:11+0500
2023-06-19T15:11+0500
2023-06-19T15:11+0500
афғонистон
толибон
амният ва мудофиа
осиёи марказӣ
амрико
тавсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_bca989e3216e2396af8c50d1ab6648ec.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Идораи бозрасии Амрико дар умeри бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, ки гурӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ ва таҳдидҳои дохилӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст ва бархе кишварҳо дар маъраз хатар ҳастанд.Сухангуи расмии ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар баёнияе дар вокуниш ба гузориши идораи бозрасии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон эълом кард, ки Амрико мехоҳад минтақаро бесубот ва ноамн созанд то битавонад шикасти худро аз мардуми Афғонистон ё толибҳо (гурӯҳи зери таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ) ҷуброн кунад.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасреҳ кард, ки ҳукумати толибҳо назорати мутлақ бар авзоъи ин кишвар дорад ва ба ҳеҷ гурӯҳ иҷоза нахоҳад дод, ки Афғонистонро бесубот кунад ва аз хокаш бар зиди кишвари дигаре истифода шавад.“Ҳамаи ҷаҳон ба вижаи афғонҳо медонанд, ки амнияту саботе, ки пас аз поёни ишғоли Амрико ва истиқрори муҷаддади ҳукумати толибҳо дар Афғонистон бавуҷуд омадааст, афғонҳо дар чиҳил соли гузашта таҷриба накарда буданд ва акнун ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳи хориҷӣ дар Афғонистон фаъол нест ва пружаи иттилоотии мавсум ба гурӯҳи террористии ДОИШ* низ ба шиддати осеб дида ва дар остона нобудӣ аст”, - гуфт сухангуии ҳукумат толибҳо.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегуяд, ки ҳеҷ таҳдиди мусаллаҳонаи дохилӣ дар Афғонистон вуҷӯд надораду миллати Афғонистон дар сулҳу оромиши комил зиндагӣ мекунанд.Сухангуии ҳукумати толибҳо зикр кард, ки онҳо ба Амрикоеҳо тавсия доданд, ки ба нафрату душмании худ бо афғонҳо поён диҳанд.* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд
https://sputnik.tj/20230618/hushdori-nabil-vaziriston-sozii-shimoli-afghoniston-1057774765.html
афғонистон
толибон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042341318_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_adb703d6cdace294eb3b9b48ebb40a1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, ҳушдор, амрико, бесуботӣ, амният, муҷоҳид, минтақа
афғонистон, толибон, ҳушдор, амрико, бесуботӣ, амният, муҷоҳид, минтақа
Ҳушдори мақоми толибҳо дар бораи тавтеаҳои Амрико барои бесуботӣ дар минтақа
Сухангӯи расмии ҳукумати муваққати толибҳо дар нишасти ахираш дар хусуси тавтеаҳои Амрико барои суботи минтақа ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Идораи бозрасии Амрико дар умeри бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, ки гурӯҳои мусаллаҳи хориҷӣ ва таҳдидҳои дохилӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст ва бархе кишварҳо дар маъраз хатар ҳастанд.
Сухангуи расмии ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар баёнияе дар вокуниш ба гузориши идораи бозрасии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон эълом кард, ки Амрико мехоҳад минтақаро бесубот ва ноамн созанд то битавонад шикасти худро аз мардуми Афғонистон ё толибҳо (гурӯҳи зери таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ) ҷуброн кунад.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасреҳ кард, ки ҳукумати толибҳо назорати мутлақ бар авзоъи ин кишвар дорад ва ба ҳеҷ гурӯҳ иҷоза нахоҳад дод, ки Афғонистонро бесубот кунад ва аз хокаш бар зиди кишвари дигаре истифода шавад.
“Ҳамаи ҷаҳон ба вижаи афғонҳо медонанд, ки амнияту саботе, ки пас аз поёни ишғоли Амрико ва истиқрори муҷаддади ҳукумати толибҳо дар Афғонистон бавуҷуд омадааст, афғонҳо дар чиҳил соли гузашта таҷриба накарда буданд ва акнун ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳи хориҷӣ дар Афғонистон фаъол нест ва пружаи иттилоотии мавсум ба гурӯҳи террористии ДОИШ* низ ба шиддати осеб дида ва дар остона нобудӣ аст”, - гуфт сухангуии ҳукумат толибҳо.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид мегуяд, ки ҳеҷ таҳдиди мусаллаҳонаи дохилӣ дар Афғонистон вуҷӯд надораду миллати Афғонистон дар сулҳу оромиши комил зиндагӣ мекунанд.
Сухангуии ҳукумати толибҳо зикр кард, ки онҳо ба Амрикоеҳо тавсия доданд, ки ба нафрату душмании худ бо афғонҳо поён диҳанд.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд