https://sputnik.tj/20230618/nohiyai-vakhsh-korkhona-bunyod-1057774902.html
Дар ноҳияи Вахш то соли 2026-ум 24 корхона бунёд мешавад
Дар ноҳияи Вахш то соли 2026-ум 24 корхона бунёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ноҳияи Вахш ахиран элон кардааст, ки то се соли оянда дар ноҳия 24 коргоҳӣ саноатӣ бунёд мешавад, ки дар он сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин мешаванд
2023-06-18T14:05+0500
2023-06-18T14:05+0500
2023-06-18T14:05+0500
дар тоҷикистон
вахш
саноат
сохтмон
бунёд
коргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_352:165:1024:543_1920x0_80_0_0_8365b3fff33bff3ca071f5348f70bca8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаст.Ба иттилои манбаъ, азимтарини корхонаҳое, ки бояд сохта шавад корхонаи насоҷӣ аст, ки баъди ба истифода додани он 480 кас бо ҷойи кор таъмин мешаванд.Тибқи иттилои манбаъ, сармеъмори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фарҳод Тағоев гуфт, ҳоло дар 12 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз шудаву дар 5 корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкор Бароталӣ Юсупов сохтмони корхонаи нассоҷӣ ба охир расида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.Корхонаи мазкур бо харҷи 10 миллион доллар бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 ба 43 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздики 6 млрд сомонӣ бештар мебошад.Ба иттилои мақомоти тоҷик, рушди соҳаи саноати Тоҷикистон бе назардошти бахши энергетика ба андозаи 20% ва бо назардошти ин бахш беш аз 15% таъмин шуд.Тибқи маълумоти оморӣ, баландтарин нишондиҳандаҳои тавлидоти саноатӣ ба шимоли кишвар рост омада, аз нисф зиёди колои саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.
https://sputnik.tj/20230124/rahmon-kori-vazorat-sanoat-dastur-sherali-kabir-1054448861.html
вахш
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/01/1052558972_336:65:1024:581_1920x0_80_0_0_5378492dbd9e7f20f701bd36b4cb9a45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, корхона, бунёд, сохтмон, сокинон, таъмин, ҷой кор, вахш, хатлон
тоҷикистон, саноат, корхона, бунёд, сохтмон, сокинон, таъмин, ҷой кор, вахш, хатлон
Дар ноҳияи Вахш то соли 2026-ум 24 корхона бунёд мешавад
Мақомоти ноҳияи Вахш ахиран элон кардааст, ки то се соли оянда дар ноҳия 24 коргоҳӣ саноатӣ бунёд мешавад, ки дар он сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъмин мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 24 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудаст.
Ба иттилои манбаъ, азимтарини корхонаҳое, ки бояд сохта шавад корхонаи насоҷӣ аст, ки баъди ба истифода додани он 480 кас бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, сармеъмори бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур Фарҳод Тағоев гуфт, ҳоло дар 12 иншоот корҳои сохтмонӣ оғоз шудаву дар 5 корхонаи дигар корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкор Бароталӣ Юсупов сохтмони корхонаи нассоҷӣ ба охир расида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Корхонаи мазкур бо харҷи 10 миллион доллар бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 ба 43 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздики 6 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, рушди соҳаи саноати Тоҷикистон бе назардошти бахши энергетика ба андозаи 20% ва бо назардошти ин бахш беш аз 15% таъмин шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, баландтарин нишондиҳандаҳои тавлидоти саноатӣ ба шимоли кишвар рост омада, аз нисф зиёди колои саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.