https://sputnik.tj/20230618/ejodi-masiri-rohi-ohani-jadid-osiyoi-markazi-rusiya-1057777044.html
Эҷоди масири роҳи оҳани ҷадид байни Осиёи Марказӣ ва Русия
Эҷоди масири роҳи оҳани ҷадид байни Осиёи Марказӣ ва Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли шурои ҳамоҳанги байналмилалӣ ҳамлунақли фаро Авруосиё гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли барномарезии бунёди як масири роҳи оҳани ҷадид ҳастанд
2023-06-18T18:35+0500
2023-06-18T18:35+0500
2023-06-18T18:35+0500
эрон
осиёи марказӣ
роҳи оҳан
ҳамлу нақл
русия
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/11/1023941141_0:0:1426:802_1920x0_80_0_0_0784883c5c415248d5e5da80ab17700d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дабири кулли шурои ҳамоҳангии байналмилалии ҳамлунақли фаро Авруосиё Гуноди Бусунов бо эъломи ин хабар афзуд, ки пас аз сохти қитаъи гумшудаи Рашт-Осторо ки роҳи оҳани Эрон ва Озарбойҷонро ба ҳам пайваст мекунад хати релии ғарб-шимол-ҷануб дар каридури мазкур қобилияти ҷо ба ҷоӣ 17 миллион тонна бор дар солро дорад.Масири мавриди назар аз Туркманистон аз тариқи Эрон дар имтидоди долони ҳамлунақли байналмилалии шимол ва ҷануб ба Халиҷи Форс мерасад.Ҳаҷми тарадуди рели дар тули ин каридур дар сурати иҷрои атрҳ аз 17 миллион тонна ба 67 миллион тонна дар сол барои кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон афзоиш меёбад.Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, бо президенти Эрон, Иброҳим Раисӣ, дар маросими имзои созиш дар бораи бунёди роҳи оҳани Рашт-Астара ширкат карданд.Ба гуфтаи Путин, долони Шимол-Ҷануб, ки роҳи оҳани Рашт-Астараро шомил мебошад, имкон медиҳад, ки гардиши ҷаҳонии нақлиёт диверсификатсия шавад ва ҳамлу нақл дар ин масир афзалиятҳои рақобатӣ дошта бошад.Қобили зикр аст, ки Рашт – Астара охирин қитъаи масири ғарбии долони байналмилалии ҳамлу нақли "Шимол – Ҷануб" мебошад, ки барои пурра ба кор андохтани роҳи оҳан дар тамоми дарозии долон зарур аст.Ин долон алтернативаи роҳи баҳриест, ки Аврупо, кишварҳои Халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳиндро тавассути канали Суэтс мепайвандад.Се масири долони байналмилалии ҳамлу нақл вуҷуд дорад, ки ба он фарокаспий - бо истифода аз роҳҳои оҳан ва бандарҳо, ғарбӣ ва шарқӣ тариқи роҳҳои заминӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20221010/oghozi-intiqoli-kolohoi-eroni-afghoniston-rohi-ohan-1052023006.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102394/11/1023941141_300:0:1369:802_1920x0_80_0_0_fbc173944505f3ab3461592ecea3cc47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, русия, роҳи оҳан, осиёи марказӣ, авруосиё, ҳамлунақл, ҳамоҳанг
эрон, русия, роҳи оҳан, осиёи марказӣ, авруосиё, ҳамлунақл, ҳамоҳанг
Эҷоди масири роҳи оҳани ҷадид байни Осиёи Марказӣ ва Русия
Дабири кулли шурои ҳамоҳанги байналмилалӣ ҳамлунақли фаро Авруосиё гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли барномарезии бунёди як масири роҳи оҳани ҷадид ҳастанд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дабири кулли шурои ҳамоҳангии байналмилалии ҳамлунақли фаро Авруосиё Гуноди Бусунов бо эъломи ин хабар афзуд, ки пас аз сохти қитаъи гумшудаи Рашт-Осторо ки роҳи оҳани Эрон ва Озарбойҷонро ба ҳам пайваст мекунад хати релии ғарб-шимол-ҷануб дар каридури мазкур қобилияти ҷо ба ҷоӣ 17 миллион тонна бор дар солро дорад.
Масири мавриди назар аз Туркманистон аз тариқи Эрон дар имтидоди долони ҳамлунақли байналмилалии шимол ва ҷануб ба Халиҷи Форс мерасад.
Ҳаҷми тарадуди рели дар тули ин каридур дар сурати иҷрои атрҳ аз 17 миллион тонна ба 67 миллион тонна дар сол барои кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон афзоиш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, бо президенти Эрон, Иброҳим Раисӣ, дар маросими имзои созиш дар бораи бунёди роҳи оҳани Рашт-Астара ширкат карданд.
Ба гуфтаи Путин, долони Шимол-Ҷануб, ки роҳи оҳани Рашт-Астараро шомил мебошад, имкон медиҳад, ки гардиши ҷаҳонии нақлиёт диверсификатсия шавад ва ҳамлу нақл дар ин масир афзалиятҳои рақобатӣ дошта бошад.
Қобили зикр аст, ки Рашт – Астара охирин қитъаи масири ғарбии долони байналмилалии ҳамлу нақли "Шимол – Ҷануб" мебошад, ки барои пурра ба кор андохтани роҳи оҳан дар тамоми дарозии долон зарур аст.
Ин долон алтернативаи роҳи баҳриест, ки Аврупо, кишварҳои Халиҷи Форс ва уқёнуси Ҳиндро тавассути канали Суэтс мепайвандад.
Се масири долони байналмилалии ҳамлу нақл вуҷуд дорад, ки ба он фарокаспий - бо истифода аз роҳҳои оҳан ва бандарҳо, ғарбӣ ва шарқӣ тариқи роҳҳои заминӣ мебошанд.