Тоҷирони Корея ба Тоҷикистон меоянд

© Foto / Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ТоҷикистонФлаги Южной Кореи и Таджикистана
Флаги Южной Кореи и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Обуна шудан
Ҳайати 30 — нафараи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея барои иштирок дар форуми сармоягузорӣ ба шаҳри Душанбе меоянд
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе 19 июн Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад ҳайати 30 — нафараи соҳибкорону сармоягузорони ин мамлакат ба Душанбе меояд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳадаф аз баргузории Форум ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ намудан дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ мебошад.
Баррасии масъалаҳои муҳоҷирати миёни Тоҷикистон ва Корея - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Тоҷикистону Корея ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд
Ҳамзамон манбаъ таъкид кард, ки дар доираи Форуми мазкур вохӯрии дуҷониба дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор шуда, инчунин имзои санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Корея дар назар аст.
Зикр гардидааст, ки ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Корея дар ҳошияи Форум бо мақсади шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз минтақаҳои саноатии мамлакат ва дигар лоиҳаҳои татбиқшаванда, инчунин аз мавзеъҳои тарихию фарҳангӣ боздид менамояд.
Лентаи хабарҳо
0