Тоҷикистону Корея ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ТоҷикистонБаррасии масъалаҳои муҳоҷирати миёни Тоҷикистон ва Корея
Баррасии масъалаҳои муҳоҷирати миёни Тоҷикистон ва Корея - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2023
Обуна шудан
Дар Душанбе имконият ва инфрасохтори Тоҷикистон барои омодасозии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро бараси намуданд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ахиран дар Душанбе масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷудо намудани квотаҳо барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҷумҳурии Корея барраӣ шуд, иттилоъ додааст вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, ин масъала дар мулоқоти вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода бо Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ва ҳайати намояндагони Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ шуд.
Дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо доир ба воридшавӣ ба низоми EPS ва ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди бараси қарор доданд.
Мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея ворид хоҳанд кард
Ҳамчунин ҳайати мазкур тибқи барнома аз муассисаҳои давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон", “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, “Марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, Литсейҳои касбии техникӣ дар шаҳри Душанбе боздид карданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки айни замон намояндагони Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея бо мақсади омӯзиши имконият ва инфрасохтори лозимаи Тоҷикистон барои омодасозӣ ва сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ бо Корея дар асоси системаи иҷозати кор (EPS) дар Тоҷикистон қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0