https://sputnik.tj/20230607/khatlon-zaminhoi-navro-ba-gardishi-kishovarzi-darovard-1057596106.html
Хатлон заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ даровард
Хатлон заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ даровард
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор дар вилояти Хатлон бо кандани канали об беш аз 500 га заминҳоро обёрӣ карда, ният дорад дар оянда ин майдонро ба 2 ҳазор гектар расонад 07.06.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-06-07T12:39+0500
2023-06-07T12:39+0500
2023-06-07T12:42+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
хатлон
замин
кишоварзӣ
обёрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_0:53:3071:1780_1920x0_80_0_0_878a3d0c4b8b661502d747cacdde3a70.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар деҳаи Озодии ҷамоати шаҳраки "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, иттилоъ дода, афзуд, ки маросими ба истифода додани заминҳои нав бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватанӣ Фаридун Убайдуллозода хатти оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ гузаронда шудааст. Таъкид шудааст, ки бо сармоягузории соҳибкор аз дарё то заминҳои ҷадид канал канда шудааст. Дарозии канал ҳудуди 3,5 километрро ташкил дода, ҷамъоварии об дар обанбори масоҳаташ 40х40 м роҳандозӣ шудааст. "Баъдан бо истифода аз 1 адад пойгоҳи обкашӣ ва 2 адад дастгоҳи обкашӣ тариқи қубурҳои қутраш 530 мм барои обёрӣ намудани зиёда 2000 га замин бароварда мешавад", - омадааст дар иттилоия. Мақомоти Хатлон мегӯянд, соҳибкор Убайдуллозода барои татбиқи ин лоиҳа 12,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.Мақсади асосии баистифодадиҳии хатти оби полезӣ ин ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда 2000 га заминҳо мебошад. Айни замон хати оби полезӣ 500 га заминҳоро обёрӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20230518/maqomoti-panjakent-ba-kormandoni-davlati-baroi-kishti-kartoshkavu-sabzavot-zamin-dod-1057211392.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/18/1050919136_39:0:2770:2048_1920x0_80_0_0_86ddd8e7225c59835011cf5bbd90b9cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, хатлон, замин, кишоварзӣ, обёрӣ
дар тоҷикистон, иқтисод, хатлон, замин, кишоварзӣ, обёрӣ
Хатлон заминҳои навро ба гардиши кишоварзӣ даровард
12:39 07.06.2023 (Навсозишуда: 12:42 07.06.2023) Соҳибкор дар вилояти Хатлон бо кандани канали об беш аз 500 га заминҳоро обёрӣ карда, ният дорад дар оянда ин майдонро ба 2 ҳазор гектар расонад
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар деҳаи Озодии ҷамоати шаҳраки "Дӯстӣ"-и ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, иттилоъ дода, афзуд, ки маросими ба истифода додани заминҳои нав бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббус ва саҳми соҳибкори ватанӣ Фаридун Убайдуллозода хатти оби полезӣ аз шохоби дарёи Панҷ гузаронда шудааст.
Таъкид шудааст, ки бо сармоягузории соҳибкор аз дарё то заминҳои ҷадид канал канда шудааст.
Дарозии канал ҳудуди 3,5 километрро ташкил дода, ҷамъоварии об дар обанбори масоҳаташ 40х40 м роҳандозӣ шудааст.
"Баъдан бо истифода аз 1 адад пойгоҳи обкашӣ ва 2 адад дастгоҳи обкашӣ тариқи қубурҳои қутраш 530 мм барои обёрӣ намудани зиёда 2000 га замин бароварда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Мақомоти Хатлон мегӯянд, соҳибкор Убайдуллозода барои татбиқи ин лоиҳа 12,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.
Мақсади асосии баистифодадиҳии хатти оби полезӣ ин ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда 2000 га заминҳо мебошад. Айни замон хати оби полезӣ 500 га заминҳоро обёрӣ мекунад.