https://sputnik.tj/20230616/overchuk-tojikiston-payvastan-iiao-khudash-tasmim-bigirad-1057738606.html
Оверчук: Тоҷикистон бояд барои пайвастан ба ИИАО худаш тасмим бигирад
Оверчук: Тоҷикистон бояд барои пайвастан ба ИИАО худаш тасмим бигирад
Муовини нахуствазири Русия ба намояндагони Тоҷикистон дар бораи манфиатҳои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ёдрас кард
2023-06-16T10:11+0500
2023-06-16T10:11+0500
2023-06-16T10:11+0500
дар русия
дар тоҷикистон
алексей оверчук
ииао
сиёсат
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Маскав то ҳол аз Душанбе дар бораи нияти пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ишорае нагирифтааст.Дар ин бора дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия изҳор дошт. Аммо муовини сарвазири Русия банамояндагони Тоҷикистон аз манфиатҳои шомил шудан ба ин созмон хотиррасон кард. "Ин ба масъалаҳои тиҷорати бидуни монеа, фазои ягонаи гумрукӣ ва бозори ягонаи меҳнат низ дахл дорад", - гуфт Оверчук. Қаблан нахуствазирони Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишнома дар бораи тиҷорати озоди хадамот дар кишварҳои ИДМ-ро имзо карданд. Имзои созишнома дар Сочи аслан маънои ташкили бозори ягонаи хизматрасонӣ дар доираи Иттиҳодро дорад, гуфт Алексей Зубетс, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба Sputnik Тоҷикистон.Рӯзҳои 14-17 июн Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20230525/rahmon-tojikiston-hamkori-kishvarhoi-iiao-taqviyat-1057367024.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
оверчук тоҷикистон ииао
Оверчук: Тоҷикистон бояд барои пайвастан ба ИИАО худаш тасмим бигирад
Муовини нахуствазири Русия ба намояндагони Тоҷикистон дар бораи манфиатҳои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ёдрас кард
ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Маскав то ҳол аз Душанбе дар бораи нияти пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ишорае нагирифтааст.
Дар ин бора дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия изҳор дошт.
"Ин бояд тасмими онҳо бошад. Чӣ гуна онҳо онро қабул хоҳанд кард, комилан саволи онҳост", - гуфт ӯ.
Аммо муовини сарвазири Русия банамояндагони Тоҷикистон аз манфиатҳои шомил шудан ба ин созмон хотиррасон кард.
"Ин ба масъалаҳои тиҷорати бидуни монеа, фазои ягонаи гумрукӣ ва бозори ягонаи меҳнат низ дахл дорад", - гуфт Оверчук.
Қаблан нахуствазирони Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишнома дар бораи тиҷорати озоди хадамот дар кишварҳои ИДМ-ро имзо карданд.
Имзои созишнома дар Сочи аслан маънои ташкили бозори ягонаи хизматрасонӣ дар доираи Иттиҳодро дорад, гуфт Алексей Зубетс, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Рӯзҳои 14-17 июн Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҷараён дорад.