Дар Хоруғ нақлиёти ҷамъиятӣ тафтиш мешавад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкВыставка автобусной техники
Выставка автобусной техники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2023
Обуна шудан
Кормандони БДА барои таъмини бехатарии мусофирон ва пешгирии садамаҳо дар роҳҳо, аз ҷумла, саломатии ронандагонро тафтиш мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Хоруғ амалиёти ҳамасолаи "Автобус" оғоз шуд.
Санҷиши ҳолати техникии мошинҳои боркашу сабукрав ва пешгирии қонуншиканӣ дар роҳҳо яке аз ҳадафҳои аслии ин иқдом мебошад.
Ин чорабинӣ ҳамасола аз 15 то 20 июн баргузор мешавад.
Кормандони шуъбаи БДА -и ВМКБ барои таъмини бехатарии мусофирон саломатии ронандагонро тафтиш мекунанд. Дар сурати ошкор шудани аломатҳои беморӣ ба ронандагон иҷозати ба роҳ баромадан намедиҳанд.
Зимнан, барои пешгирӣ аз фалокат дар роҳҳо нақлиёти мусофирбар аз назар гузаронда мешаванд.
Люди на электросамокатах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2023
Дар роҳбандиҳо намон: Вазорати нақлиёт дар бораи почархаи барқӣ чӣ назар дорад
Ба ронандагон ва пиёдагардон дастур дода шуд, ки ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя кунанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки мақомоти Тоҷикистон танзими почархаи барқӣ ва дигар васоили ҳаракати инфиродӣ, қоидаҳои ҳаракат ва таваққуфгоҳи онҳоро меомӯзанд.
Ҳамин тавр, дар Душанбе сети кирояи почархаи барқӣ кушода шуд. Аз ҷумла, ҳоло 4 нуқта дастрас аст: дар боғҳои Фирдавсӣ, Айнӣ ва Наврӯзгоҳ, инчунин дар маҷмааи Душанбе-Плаза.
Таъкид мешавад, ки дар оянда шумораи онҳо бояд боз ҳам афзоиш ёбад.
Лентаи хабарҳо
0